Номаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЯК МАЪЮБИ ХУРДСОЛ БАРОИ ИДОМАИ ТАБОБАТ АРОБАЧАИ ҚИМАТБАҲОЯШРО БО НАРХИ АРЗОН БА ФУРӮШ ГУЗОШТААСТ (ВИДЕО ВА АКС)

Бонуҷон, як маъюби хурдсол ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муроҷиат карда, барои фурӯхтани аробачаи маъюбиаш кумак хост.

Бонуҷон мегӯяд, ки дар вақташ ин аробаи электрониро модараш барои ӯ  аз Хитой бо ҳавас бо нархи 2700 доллар харида буд, вале Бонуҷон аз он истифода бурда натавонист ва аробача ҳамчунон нав истодааст. Бонуҷон мегӯяд, аз ночорӣ аробачаро мефурӯшад, чунки зарур мондааст,  бояд барои идомаи табобаташ дору бихарад. Ин доруҳо ва табобати Бонуҷон арзон нест, аз ин рӯ ӯ ба пул эҳтиёҷ дорад.

Бонуҷон гуфт, аз ноилоҷӣ омода аст, ин аробачаи маъюбии электрониро, ки 2700 доллар харида буд, ҳоло бо нархи 1500 доллар бифурӯшад, чунки дар ҳақиқат хеле зарур мондааст…

Бонуҷон аробачаи қиматбаҳояшро арзон фурӯхтан мехоҳад, то барои идомаи табобаташ пул пайдо кунад. Биёед, ба ин хоҳар кумак кунем!

Телефонҳои апаи Шаҳноза (модари Бонуҷон) барои тамос:

+992931536666

+992904440440

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button