ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДОДАРАШРО БАРОИ ТАБОБАТ БА МАСКАВ БУРДУ… МАРГИ ҒОФИЛГИРИ ХАЙРУЛЛО ТАБАРОВ

Хайрулло Табаров, собиқ муовини вазири саноати Тоҷикистон, ки солҳои охир соҳибкорӣ мекард, рӯзи 23 июл ба хок супурда шуд. Маросими видоъ  бо Хайрулло Табаров дар кӯчаи Мир Алӣ, дар пушти “казинои Саидшо” баргузор шудааст. Саъдии Махдӣ дар Фейсбук хабар дод, ки Хайрулло Табаров бародараш Абдулло Табаровро барои табобат ба Маскав бурда буд, вале аз қазо тобути худаш оварданд.  Бародари ӯ Абдулло Табарӣ доктори илмҳои физикаю математика буда, қаблан ректори Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб буд ва ҳоло вакили парлумони Тоҷикистон аст. Сомонаи “Бомдод” чанде пеш як мақолаи Абдулло Табариро нашр карда буд.

Падари онҳо Ҳабибуллоҳ Табаров, ки солиёни тӯлонӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Восеъ кор кардааст, тақрибан ним сол пеш аз дунё чашм пӯшид.

Дар бораи иллати марги Хайрулло Табаров чизе гуфта намешавад. Вале бисёриҳо ӯро ҳамчун як соҳибкори дастбахайр ва бомаърифату фарҳангдӯст тавсиф мекунанд. Овозхони шинохтаи тоҷик Исматулло Холов (падари Нигора ва Сурӯш Холовҳо) навишт, ки Хайрулло Табаров дар вақташ барои ансамбли “Гулшан” аз Хитой як микроавтобус оварда, туҳфа карда буд.

 Саъдии Махдӣ

Э вооой, Худо биёмурзад Хайрулло Табаровро!

Барои табобати бародараш Табаров Абдулло ба Маскав рафта буд! Аз марги падараш Табаров Ҳабибулло ҳоло 6 моҳ нагузаштааст! Ба наздикону пайвандонаш – Гулчеҳра Табароваи ҳамкурсам. Ба собиқ ректори ДДК – Абдулло Табаров, ба тағоияш Шаҳбози Кабир ва дигар хешону таборон ҳамдардӣ изҳор мекунем!

Инсони шариф буд!

Латофат Ибрагимова 

Ҳазор афсус…😭. Боз як дуст, бародар, (ҳатто як муддат ҳамкор ҳам будем), дӯсти падарам, инсони бисёр хоксор аз сафи дустонам кам шуд…Акайи Хайрулло Табаров зиёд инсони хушмуомилаву сахиву боадаб буданд. Бо аҳли ин оилаи бисёр намунавӣ аз давраи кӯдакӣ рафтуо дорам. Чун давраи мактабӣ фарзанди калонияш Мунира Табарова ҳамсинфам буд, нону намаки ин хонадонро борҳо хурдаам. Ҳатто як муддат пештар дар хонадони акайи Хайрулло даъватӣ будам. Зиёд инсонҳои наҷибу хоксору самимиянд. Падари ин хонадон устод Табаров Ҳ. бисёр инсони хубу меҳрубон, бениҳоят босавод дар давраи мактабиям дар мактаби миёнаи рақами 1- и ноҳияи Восеъ бароям устоди фанни адабиёт ва забон буданд. Дар давраи мактабӣ ба гуфти устод (ҳамеша мегуфт) шогирди беҳтаринаш будаму пешаш иззат доштам. (Афсус, ки ҳамин рӯз фаҳмидам, ки устод ҳам вафот карда будаст 😭, хонаи охирати устоди хубам ҷаннати ҷовидон бошад). Худованд хонаи охирати акайи Хайруллоро дар ҷаннати ҷовидон ҷой додаву ҳамнишини паёмбарон гардаду аз оби ҳавзи Кавсар сероб бошад. 😭😭Ба ҳамсинфам Мунираҷон, ба Nurullo Tabarov , ба ҳамсараш, ки бисёр зани ҳалиму меҳрубон аст ва ба ҳама фарзандону кулли аҳли оилаву авлоди ин хонадони бомаърифат сабр мехоҳам. Дар ин рузи бисёр вазнин Аллоҳи поку меҳрубон сабру таҳаммулро ба Шумо ато кунад. Ғамшарикатонам

Самариддин Гадоев

Худо бародари азизамро раҳмату мағфират кунад. Инсони шариф буданд. Вақте бо омлаашон рафтуомад доштам аввал тарбияи хубе, ки аз падару модар гирифтанд инро эҳсос кардам. Сипас, эҳсос кардам, ки акаи Хайрулло Худо раҳматашон кунад чи қадар нисбати фарзандони падар меҳру муҳаббат доранд, ҷонаш буду болои фарзандони падар. Онҳоро меҳрубонӣ мекарданд. Нисбати ҷигарбандони хеш низ бо тамоми орзуву ҳавас муносибат дошт. Барояшон беҳтарин шароити зиндагӣ омода карда буд. Падари ғамхору меҳрубон, инсони меҳмоннавозу нону намакдор.

Дишаб ба хонаашон барои таъзия рафтам ва ба ягона писараш Нурулло изҳори тасаллият кардам. Шахси бомаърифат буданд. Доим дар иҳотаи ҳунармандон донишмандон буданд.

Худо раҳмат кунад акаи Хайруллоро.

Сайидамир Вализода

АҲЛИ‏‌ ӮЕМ!
МОРО
МАЙЛИ ДИГАР НЕСТ…
БАРОЯТ ГИРЯМУ ГИРЯМ…
ХУДОВАНД ҶОЯТРО ҶАННАТ ГАРДОНАД, БАРОДАРИ ГИРОМӢ ХАЙРУЛЛО ТАБАРОВ , ОМИН

https://www.facebook.com/photo?fbid=2174845789325285&set=a.770210246455520

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button