ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК НАВРАС ВА ЯК ҶАВОН ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 июл ҷасадҳои боз як наврас ва як ҷавонро аз об берун оварданд.

Як навраси 16-сола, ки аз ноҳияи Хуросон ба меҳмонӣ рафта буд, дар ноҳияи Кӯшониён дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ҷасади як ҷавони 20-сола аз ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараро рӯзи 22 июл аз обанбори Норак берун кашиданд.

КҲФ қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 20 июл, ки дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешуд, як кӯдаки чорсола дар дарёи Андигон дар канори шаҳри Ваҳдат ва ду марди калонсол дар канали деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар ҷон бохтаанд. Тақрибан нисфи ғарқшудаҳо ноболиғон мебошанд.

Бино ба иттилои КҲФ, як навраси 16-сола, ки рӯзи 22 июл аз зодгоҳаш, деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон  ба шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён меҳмонӣ рафта буд, дар оби дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса рафтанд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монда, соати 17:40 дақиқа ҷасади ин наврасро аз об берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи Дирӯз аз обанбори Норак ҷасади як шаҳрванди 20-сола, сокини ҷамоати  деҳоти Себистони ноҳияи Данғара пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. КҲФ гуфт, ин ҷавон рӯзи 20-ми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд ва ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то 22 июл, се рӯз идома дошт. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button