ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР БОХТАР БАРОИ ШИФО ЁФТАНИ ДОМОДИ ПРЕЗИДЕНТ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ ДУО КАРДААНД

Рӯзи 23 июл дар намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеи воқеъ дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Бохтар имомхатиб барои Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон ва молики ширкати “Фароз” дуо кардааст.

Қорӣ Ҳайдар, имоми ин масҷид ҳамчунин аз намозгузорон хостааст, ки барои хоҳари президент Қурбонӣ Раҳмонова низ даст ба дуо бикушоянд.

“Худованд ҳамаи шуморо ҳифз кунад, гузаштагони Ҷаноби олиро, хусусан хоҳарашро, ки чанд рӯзи пеш гузаштанд, раҳмату мағфират кунад,  Шамсулло Соҳибов аз хонаводаи Пешвои миллатро Худованд шифо диҳад”, – гуфтааст Қорӣ Ҳайдар ҳангоми дуо дар намози ҷумъа.

Ба гуфтаи намозгузорон, имомхатиб дар бораи чӣ беморӣ доштани Шамсулло Соҳибов ва аз кадом беморӣ даргузаштани хоҳари президент чизе нагуфт.

Мақомот то кунун дар бораи иллати марги Қурбонбӣ Раҳмонова расман шарҳе надодаанд, вале радиои Озодӣ хабар дод, ки хоҳари президент рӯзи 20 июл, дар рӯзи иди Қурбон дар бемористони ҳукуматӣ, воқеъ дар “Шаҳраки тиббӣ” (“Медгородок”) –и шаҳри Душанбе аз коронавирус вафот кардааст. Қурбонбӣ Раҳмонова 64 сол дошт.

Шамсулло Соҳибов ва Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамин тавр, бино ба иттилои дарёфтӣ, Шамсулло Соҳибов дастикам як моҳ боз аз коронавирус табобат мегирад, вале вазъаш ҳамчунон ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Шамсулло Соҳибов дар поёни моҳи июн дар бемористони Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” дар Душанбе чанд рӯз табобат гирифт ва дар аввали моҳи июл аз ин беморхона ҷавоб дода шуд.

Он вақт гуфта буданд, ки вазъи саломатии домоди президент ҳанӯз пурра хуб нашудааст ва ӯ бояд дар хона ба табобати худ ҳамчунон идома диҳад.

Як манбаи наздик ба оилаи президент ба шарти бурда нашудани номаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт:  “Дар ҳақиқат чандин нафар аз наздикони Президент ба коронавирус гирифтор  шудаанд. Аксари онҳо дар зери назорати табибон  дар хона табобат мегиранд. Вазъи Шамсулло Соҳибов низ нисбат ба гузашта, хусусан нисбат ба рӯзҳои аввали бемориаш, ки  дар клиникаи  Мансуров қариб ду ҳафта дар зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ  қарор дошт, нисбатан беҳтар шудааст, вале ҳамчунон ҷиддӣ боқӣ мемонад.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, барои ташхиси вазъи саломатии Шамсулло Соҳибов аз хориҷи кишвар низ табиб овардаанд ва тибқи нақша, баъди каме беҳтар шудани вазъи саломатиаш ва пайдо шудани имкони интиқолаш ӯро барои идомаи табобат ба хориҷ, ғолибан ба Олмон хоҳанд бурд.

Хасан Асадуллозода – аз тарафи рост

Ин манбаъ гуфт, додарарӯси президент раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода низ гирифтори коронавирус шуд, вале ӯ бемориро сабук гузаронд. Ҳасани Асадуллозода, ки гирифтории бемории ҷигар аст, дар масъалаи коронавирус шадидан эҳтиёт мекард. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, раҳбари “Ориёнбонк” ҳанӯз қабл аз модараш Ӯзбекбӣ Асадуллоева гирифтори коронавирус шуда буд.  Модари Асадуллозода ва хушдомани президент Эмомалӣ Раҳмон шоми 5 июл дар клиникаи Мансуров аз олам чашм пӯшид. Иллати марги ӯро низ манобеи ғайрирасмӣ коронавирус гуфта буданд.

Қаблан хабар дода будем, ки полковник Фахриддин Сафарзода, писари Қурбонбӣ Раҳмонова, низ гирифтори коронавирус аст ва ба ин далел рӯзи 21 июл натавонист дар намози ҷанозаи модараш дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара иштирок кунад.  

Дар умум манобеи ғайрирасмӣ дар бораи ба коронавирус печидани беш аз 10 тан аз хешовандони наздики президенти Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button