68 НАФАР ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ: САБТИ ШУМОРАИ РЕКОРДИИ ГИРИФТОРШУДАГОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 23 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 68 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз 21 июн, ки мақомоти Тоҷикистон бори аввал дар соли 2021 мавҷи нави коронавирусро дар кишвар эътироф карданд, ин баландтарин нишондиҳандаи гирифторӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз дар ин ҷумҳурист.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар додааст, ки дар як шабонарӯзи ахир 56 бемор баъди муолиҷа аз коронавирус шифо ёфта, мутаассифона боз як нафар фавтидааст. Аз аввали моҳи июл ин вазорат алакай марги 26 нафарро аз коронавирус тасдиқ кардааст.
Рӯзи 22 июл дар бораи даргузашти Идигул Қосимзода, вакили парлумон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар синни ҳамагӣ 53 гузориш шуда буд. Гуфта мешуд, ки Идигул Қосимзода чанд рӯзи охир дар беморхонаи “Якум Советский” аз коронавирус табобат мегирифт. Ҷанозаи Қосимзодаро ҳамон рӯзи 22 июл дар зодгоҳаш, ноҳияи Вахш ба хок супурданд.
Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз шурӯи пандемия дар Тоҷикистон дар умум 14 ҳазору 359 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 13 ҳазору 902 нафар, ё 96,8% шифо ёфта, 116 нафар, мутаассифона, ҷон бохтаанд.