ВидеоДин ва боварҳо

ВИДЕО АЗ МАРОСИМИ ДАФНИ ҶАНОЗАИ ЭШОНИ ҚОРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Рӯҳонии маъруф дар водии Вахш Қорӣ Мирзомуддин Раупов, маъруф ба Эшони Қорӣ, рӯзи 22 июл дар оромгоҳи деҳаи Виёни ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, бо вуҷуди мавҷи нави коронавирус дар кишвар, дар маросими дафни Эшони Қорӣ ҳудуди 4 ҳазор нафар иштирок карданд.

Эшони Қорӣ, ки амаки Қорӣ Сиратулло Раупов, яке аз машҳуртарин қориёни “Қуръон” аст, субҳи 22 июл дар синни 65 аз олам чашм пӯшид.

Яке аз наздикони марҳум ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Эшони Қорӣ соати 7:30 аз бемории саратони шуш даргузашт. “Қорӣ Мирзомуддин тақрибан як сол пеш ба бемории рак ё саратони шуш дучор шуд. Якбора аз по зад ва ҳатто моҳи марти соли ҷорӣ барои табобат ба худи Деҳлии Ҳиндустон рафта буд, аммо ба дардаш дармон наёфт. Гардиши тақдирро бубинед, ки тоза 20 рӯз пеш барои худаш аз Дубай мошини “Тойота” фармоиш дода буд, ки бояд барояш меоварданд, вале насибаш накард. Насибаи умраш то ҳамин субҳи 22 июл будааст”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод.”

Қорӣ Мирзомуддин Раупов соли 1956 дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) ба дунё омадааст.  Ӯ дар тарбияи қориёни мураттаби “Қуръон” саҳми зиёд дошт ва ба гуфтаи наздиконаш, беш аз 100 қории мураттаб тарбия кардааст. Аз ҷумла Қорӣ Шарҳиддин, писараш Сиратулло, ҷияанш Қорӣ Ирфониддин, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар, ки соли гузашта қурбони коронавирус шуд, аз шогирдони Эшони Қорӣ ба шумор мераванд. Ҳамин тавр, Қорӣ Ҳайдар ва Қорӣ Саиднуриддин, нафаре, ки соли 1994 дар сабқати ҷаҳонии қориён дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ғолиб омад, низ аз парвардаҳои мактаби қоригии Қорӣ Мирзомуддин будаанд.

Ва албатта, яке аз шогирдони аз ҳама маъруфи ӯ Қорӣ Сиратулло Раупов, писари бародараш Абдухолиқ аст, ки шуҳрати тиловату қироаташ ба берун аз Тоҷикистон, ҳатто то давлатҳои Араб рафтааст ва видеоҳои “Қуръон” хонданаш дар Интернет хеле зиёданд. Қорӣ Сиратуллоро барои тиловат ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Қазоқистон, Чеченистон, Доғистон ва ҳатто ба кишварҳои Араб зиёд даъват мекунанд.

Эшони Қорӣ се дафъа Ҳаҷ кардааст: Соли 2004 аз ҳисоби худ ба зиёрати Хонаи Худо рафта, солҳои 2005 ва 2006 ба ҳайси роҳбалад аз ҷониби муфтиёт ба Маккаву Мадина сафар карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button