ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

САНҶИШИ ОМОДАГИИ ҶАНГИИ 230 ҲАЗОР АСКАРУ АФСАР ДАР ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО+103 АКС)

Соати чори субҳи 22 июл, бо фармони президент ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, чунин кор дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал ва  бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо  доир карда шуд. Хадамоти матбуот дар тӯли чоруним соат аз ҷараёни ин чорабинӣ, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд,  пахши мустақим барпо кард.

Дар чорабинӣ 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ ҷамъбаст гардид.

Баъди ҷамъбасти чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ омад ва вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ба ӯ ҳамчун ба  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ гузориш дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш гуфт, дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории Тоҷикистон аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи ҳозира, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа номид ва гуфт, вазъи кишвари ҳамсояи Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст. Ӯ аз афсарону аскарон хост,  дар чунин шароит барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон минбаъд низ аз уҳдаи ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бо сарбаландӣ мебароянд.

Сипас дар назди Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 10 ҳазор аскару афсари Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони  нирӯҳои захиравӣ баргузор шуд.

Санҷиши омодагии ҷангии 230 ҳазор аскару афсар дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар чанд ҳафтаи охир ҷангҷӯёни ҳаракати дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон, назорати беш аз 900 км аз 1370 км марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба даст оварданд. Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои такягоҳи асосиаш: эътилофи байналмилалии таҳти роҳбарии Амрико дер нахоҳад поид ва зери фишори Толибон суқут хоҳад кард.

Толибон изҳор доштаанд, ки қасди эҷоди ноамнӣ дар марз бо кишвари Тоҷикистонро дар сар надоранд. Вале дар Душанбе ва дигар пойтахтҳои минтақа бахусус баъди зери фишори Толибон ба қаламрави Тоҷикистон сарозер шудани беш аз 1500 сарбози нирӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҳудуди 1400 гурезаи мулкӣ аз он кишвар ба тағйири вазъ дар Афғонистон бо нигаронӣ нигоҳ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ахиран дастур дод, ки 20 ҳазор нафарро аз ҳисоби сарбозони захиравӣ ба артиш сафарбар кунанд. Душанбе ҳамчунин расман аз созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон кумак хостааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button