ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

РАИСИ ПЕШИНИ КУМИТАИ ЗАНОН ВА ОИЛА ИДИГУЛ ҚОСИМЗОДА ДАР СИННИ 53 ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД

Қосимзода Идигул Тағо, вакили парлумон ва раиси собиқи Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон  рӯзи 22 июл дар синни 53 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Идигул Қосимзода чанд рӯзи охир дар ҳолати вазнин дар бемористони “Якум Советский”, як макони асосии табобати гирифторони коронавирус, аз ин бемориии ҳамагир табобат мегирифт, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Номзади илмҳои педагогӣ Идигул Қосимзода 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, соли 1990 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1992 то 2003 дар мактаби миёнаи №51 ноҳияи Ваъш ба ҳайси омӯзгори оддӣ кор карда, аз соли 2003 дар Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ибтидо ба ҳайси устод ва аз соли 2008 то 2015 ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия кор кард.

Идигул Қосимзода аз соли 2017 то 2020 раҳбарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли 2020 аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон интихоб шуд.

Номи Идигул Қосимзода дар давраи раҳбариаш бар Кумитаи занон бештар ба сабаби рейдҳои зиёди ин кумита ба зидди занони ҳиҷобпӯш дар сархатти ахбор қарор мегирифт. Идигул Қосимзода талош мекард, аз ин рейдҳо ҳимоят ва сатру ҳиҷобро ҳамчун либоси  барои фарҳанги мардуми тоҷик бегона ба чолиш бикашад.

Баъди аз раҳбарии Кумитаи занон рафтани Қосимзода рейдҳои зидди ҳиҷоб низ батадриҷ аз байн рафт.

Афшини Муқим

Муаллима Идигул Қосимзода ба Ҳақ пайвастаанд😢

Худованд раҳмат кунад!

Nigina Ikromi

Косимзода Идигул Таго.

Худованд рахмату махфират гардонад муаллимачони азиз. Номи некатон ва хизматхои шоистаатон ба Ватани азизамон човидон хохад монд. Омин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button