ПОЛКОВНИК САФАРЗОДА БА ҶАНОЗАИ МОДАРАШ РАФТА НАТАВОНИСТ

Полковник Фахриддин Сафарзода, писари Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 июл ба далели гирифторӣ ба коронавирус натавонист дар намози ҷанозаи модараш дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара иштирок кунад. Дар умум 8 узви ин хонаводаи хешовандони наздики президенти Тоҷикистон гирифтори коронавирус шудаанд.
Худи Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари хурдии Эмомалӣ Раҳмон, ки 64 сол дошт, шоми 20 июл дар бемористони ҳукуматӣ дар маҳаллаи Шаҳраки тиббӣ (Медгородок) дар Душанбе вафот кард. Ҳукумати Тоҷикистон дар як номаи таслият ба президент хабари марги хоҳари ӯро тасдиқ кард, вале дар бораи иллати маргаш чизе нагуфт.
Аммо як манбаъ дар миёни пизишкон ба Радиои Озодӣ сабаби марги Қурбонгул Раҳмоноваро ба гирифторияш ба бемории коронавирус рабт додааст. Ӯ гуфтааст, “беморияш тасдиқ шуда буд. Даҳ рӯз дар шифохона хобид.”
Қурбонгул Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона вақти аз масҷид, аз намози хуфтан баргаштанаш кушта шуд.
Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 21 июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара ба хок супурда шуд.
Дар ним моҳи охир Қурбонбӣ Раҳмонова инак дуюмин нафар аз хешовандони наздики президенти Тоҷикистон аст, ки ҳарчанд мақомот расман инро тасдиқ накардаанд, вале ба иттилои манобеи расонаҳо, бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус мефавтанд. Рӯзи 5 июл Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аломатҳори коронавирус дар клиникаи Мансуров дар Душанбе бистарӣ шуда буд, аз олам чашм пӯшид.
Қаблан дар бораи гирифтори коронавирус шудани Шамсулло Соҳибов, молики ширкати “Фароз” ва домоди Эмомалӣ Раҳмон низ гузориш шуда буд. Соҳибов дар даҳаи сеюми моҳи август дар клиникаи Мансуров бистарӣ шуда буд, вале дар авоили моҳи август хабар омад, ки ӯро аз бемористон ҷавоб додаанд ва Шамсулло Соҳибовро табобатро дар хона идома медиҳад.