ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

МАНБАЪ: БАЪДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИРОТИ БУЗУРГ МЕШАВАД ВА ҲУКУМАТИ НАВ РӮИ КОР МЕОЯД

Дар назар аст, ки пас аз ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Тоҷикистон як тайғироти  ҷиддӣ ва сартосарӣ дар ҳайъати роҳбарии кишвар амалӣ  карда шавад.

Дар  аввалин қадам, гуфта мешавад,  Президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон курсии раёсаташро ба писараш Рустами Эмомалӣ вогузор намуда,  худ, ҳамчун Пешвои миллат кишварро идора хоҳад кард. Дар қадами дуюми дар тамоми ҳайъати ҳукумат тайғирот ба самти ҷавоншавӣ сурат гирифта, як кобинаи иборат аз кадрҳои ҷавон  рӯи кор хоҳад омад.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон  ба  шарти бурда нашудани номаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Пас аз баргузории ҷашни  30 солагии  Истиқлолият, дар ҳукумати Тоҷикистон  тайғироти куллӣ  ба назар гирифта шудааст. Дар аввалин қадам интиқоли қудрат ба Рустами Эмолалӣ сурат хоҳад гирифт ва баъд аз он кобинаи нави вазирон ташкил хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Душанбе омодагиҳо ба иҷрои ин нақша батадриҷ идома дорад, вале дар  ҳоли ҳозир,  гуфта мешавад,  як мушкили бозмонда  то ҳанӯз пайдо накардани номзадҳои мувофиқ ба ду мақоми калидӣ: курсии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири корҳои дохилӣ мебошад, ки то ба имрӯз ҳалли  худро пайдо накардааст.https://youtu.be/1zr5eBvdRvo

Рамазон Раҳимзода

Ба курсии вазири корҳои дохилӣ чанд номзад пешбарӣ шудааст.

Аз ҷумла вазири кунунӣ Рамазон Раҳимзода, ки қарор аст, баъди ҷашни сисолагии  истиқлол ба мақоми котиби Шӯрои амният гузарад, аз номзадии Шодӣ Ҳафиззода, домоди бародараш Раҳмонқул Раҳимзода ҳимоят мекунад. Шодӣ Ҳафиззода, ки феълан роҳбарии УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаро дар ВКД бар уҳда дорад, то чанд вақти пеш  шанси аз ҳама баланд дошт, вале чанд иштибоҳи ахираш, бахусус дар як ҷои нодаркор сохтани дарди сар бо истирдоди, ба ақидаи бисёриҳо дар мақомоти роҳбарии Тоҷикистон, беҳудаи Иззат Амон шонси худро худаш хеле зад.

Муовини аввали вазири дохила Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) ва сардори РВКД шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, ҳамчунин фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД Сӯҳроб Рауфзода аз дигар номзадҳои матраҳ ба мақоми вазири корҳои дохилӣ ном бурда мешаванд.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шариф Назарзода ва Рауфзода Суҳроб  аз пуштибонии  Рустами Эмомалӣ   бархӯрдор будаанд, вале писари калонии президент Шодӣ Ҳафиззодаро хуш надоштааст.

Ба ақидаи манбаи “Бомдод”, ҳар нафаре ки имсол ба мақоми вазири дохила меояд,  вазири давраи гузариш хоҳад буд ва дар ин курсӣ то замони то ба ҳадди вазирӣ сабзидани подполковник Шоҳрух Саидзода, раҳбари кунунии раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ, кор хоҳад кард.

Ба фарқ аз роҳбарии ВКД, ба мақоми раиси КДАМ то ҳол номзади сазоворе пайдо накардаанд.

Фарҳод Камолзода, як зодаи ноҳияи Данғара, моҳи октябри соли 2019 ба мақоми муовини аввали Саймумин Ятимов таъйин шуд, вале дар арши сиёсии Душанбе бархе то ҳол шубҳа доштаанд, ки оё ӯ метавонад Ятимовро дар мақоми раҳбари аввали КДАМ иваз кунад. Худи Ятимов, ки аз соли 2010 раҳбарии КДАМ дар дасташ буд ва рӯзи 23 июл ба синни 66 мерасад, қарор аст, баъди ҷашни истиқлол ба мансаби бештари ифтихории ёрдамчии президент дар умури амният ва дифоъ  таъйин шавад. Чанд сол пеш генерал Шералӣ Хайруллоев низ баъди рафтанаш аз курсии вазири дифоъ чанд сол ҳамин курсии ёрдамчиро ишғол карда буд.

Нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ чандин сол боз дар дастури кор қарор дорад. Ҳанӯз дар соли 2016 махсус барои Рустами Эмомалӣ синни ҳадди ақали номзадҳо ба президентиро аз 35 то 30 фуроварданд, ки ӯ ҳаққи иштирок дар интихоботи президентии соли 2020-ро ба даст биорад. Вале соли 2020 ҷиноҳҳои мухолифи ин нақша тавонистанд аз бархе омилҳо, аз ҷумла аз буҳрони коронавирус ва ихтилоф дар дохили оилаи президент истифода бурда, Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтиёт ва асосан аз тариқи пайвандони худаш мутақоид бисозанд, ки ҳоло вақти интиқоли қудрат нест, шояд зӯри Рустам барои ҳалли мушкилоте, чун буҳрони коронавирус нарасад. Далели дигаре, ки президентро аз раъйаш барои супурдани қудрат ба писараш дар соли 2020 гардонд, таъкиди мухолифони ин нақша ба аҳамияти ҷашни 30-солагии истиқлол буд, ки мегуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон бояд худаш ин ҷашнро сару бар шавад ва он мисли як нигин 30 соли ҳукумати ӯро ҷамъбаст кунад.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ҳоло низ мухолифони нақшаи интиқоли қудрат ба Рустами Эмомалӣ, бахусус дар ниҳодҳои қудратӣ ором нагирифтаанд ва кӯшиш хоҳанд кард, ки имсол ҳам монеи амалӣ шудани ин нақша шаванд ваё онро ҳадди ақал бори дигар ба таъхир андозанд. Ба гуфтаи манбаъ, чанд омиле вуҷуд дорад, ки метавонад мухолифони нақшаи интиқоли қудратро имсол ҳам комёб гардонад.

 Як омил ин боқӣ мондани ихтилоф дар дохили Оила дар масъалаи президентии Рустам аст.

Манбаи “Бомдод” гуфт: “Мухолифон ва тарафдорони ин нақшаро дар дохили Оила метавон шартан ба ду гуруҳ ё ҷиноҳ тақсим кард: Қӯрғаниҳо ва данғарагиҳо. Қӯрғаниҳо, ки ин ҷиноҳ аз ҷумла Ҳасан Асадуллозода, домодҳо Зоир ва Шамсуллоро фаро мегирад, қисме бечунучаро ва қисме шартан, яъне дар баҳои пазируфтани шартҳояшон, аз Рустами Эмомалӣ тарафдорӣ мекунанд. Данғарагиҳо, аз ҷумла раҳбари дастгоҳи президент Озода Раҳмон, тавре ба назар мерасад, чандон ба президентии Рустам моил нестанд. Ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ду мушкили дигари сиёсӣ низ дар баробари ин масъалаи муҳими интиқоли қудрат вуҷуд дорад, ки яке масъалаи то ҳол ҳалношудаи оппозитсияи дар хориҷ қарордошта мебошад ва омили дигар, ки дар чанд ҳафтаи охир босуръат аҳаммият пайдо кард, нуфузи гуруҳи Толибон дар Афғонистони ҳамсоя ва зери назорати ин гуруҳи тундрав қарор гирифтани бахши аъзами марз бо Тоҷикистон аст.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, Душанбе талош дорад, ки мисли солҳои 90 бо миёнаравии Эрон ва мусоидати Русия масъалаи оппозитсияи дар хориҷ қарордоштаро ҳал  ва бо мухолифонаш созиш кунад. Ба хотири қаноати роҳбарони оппозитсия, Душанбе ба як силсила гузаштҳо розӣ шудааст ва аз ҷумла гӯё омода будааст, ки дар пешорӯи ҷашни истиқлол мухолифини зиндонишударо афв ва аз маҳбасҳо озод кунад.

Роҳбарони мухолифин, ба хусус ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), расман хабари миёнаравии Эрон барои ҳалли ихтилофи байни онҳо ва ҳукумати Тоҷикистонро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳатто чунин талоше аслан нашудааст. Бархе манобеи наздик ба роҳбарони оппозитсия ба таври ғайрирасмӣ ба “Бомдод” гуфтанд, ки дар ҳақиқат бархе суҳбатҳое дар ин замина сурат гирифтааст, вале  ин суҳбатҳо бештар пиромуни озмоиши назари ин тараф ба имкони созиш бо ҳукумат будаву баъид аст, ки дар муддати кӯтоҳе, ки то ҷашни истиқлол боқӣ мондааст, яъне дар якуним моҳи дигар ба анҷом  ва ба натиҷа бирасанд.

Ба фарқ аз мухолифин, дар Душанбе ҳанӯз намедонанд, ки бо мушкили Толибон чӣ кунанд, зеро то ҳол норӯшан боқӣ мондааст, маълум нест, ки вазъият дар кишвари ҳамсоя чӣ мешавад ва ба сари давлат дар Арги Кобул кадом гуруҳ меояд?   

Боз як омили дигар, ки торафт доғтар мешавад, бо вусъат ва доманаи бештар аз ҳатто як соли пеш буруз кардани мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон аст, ки имсол аз хешу табори наздики президент низ чанд нафар қурбони он шуд.

  Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ин нақшаи тағйироти бузург дар арши сиёсии Душанбе танҳо яке аз сенарияҳост, ки вобаста ба таъсири омилҳои мухталиф ё иваз шудани авзоъ, аз ҷумла дар он сӯ ваё ҳатто дар ин сӯи Омӯ  метавонад иваз шавад ё тағйир ёбад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button