ҲУКМИ ПУЛИСИ ЧЕЛЯБИНСК БАРОИ ТАЛАБИ 30 ҲАЗОР РУБЛ БО ТАҲДИДИ ДЕПОРТАТСИЯИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК
Рӯзи 4 майи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Курчатови шаҳри Челябински Русия Ю., собиқ нозири минтақавии пулисро бо ҷурми тамаъ кардани 30 ҳазор рубл аз як шаҳрванди Тоҷикистон ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Вале тавре додситонии вилояти Челябинск , рӯзи 22 июл дар сомонааш хабар дод, додситон ин ҳукмро хеле сабук дониста, ба далели дар додгоҳ ҳамчун қаллобӣ арзёбӣ шудани як ҳолати тамаъҷӯии афсари пулис ба ин ҳукм эътироз овард.
Додситонӣ гуфт, ахиран марҳалаи аппелятсионии додгоҳи вилояти Челябинск афсари собиқи пулисро бар асоси моддаҳои 159, 286 ва 290 Кодекси ҷиноятии Русия дар баробари кӯшиши гирифтани ришва дар тамаъҷӯӣ низ гунаҳкор шинохт ва ин дафъа ба 7 солу 6 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум кардааст. Ин ҳукм алакай ба иҷро даромадааст.
Тавре аз маводи парванда бармеояд, маҳкумшуда, вақте ки дар вазифаи нозири минтақавии пулис кор мекард, бо вуҷуди онки хуб медонист, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ қарор дорад ва ӯ ягон банди қонунҳои муҳоҷиратро вайрон накардааст, ба таври ғайриқонунӣ санадҳои ӯро кашида гирифта, талаб кардааст, ки барои пас гирифтани ҳуҷҷатҳояш 30 ҳазор рубл биорад. Нозири пулис ба ин муҳоҷири тоҷик таҳдид кардааст, ки агар пули гуфтагиашро наорад, ӯро аз қаламрави Русия берун хоҳанд андохт. Вале ба пулис муяссар нашудааст, ки ин нияти бадашро ба охир бирасонад, чунки муҳоҷири тоҷик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тамаъҷӯии ӯ шикоят бурдааст ва корманди пулисро дастгир кардаанд.
Дар Русия ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон ба таври доим ба чунин ҳолатҳои тамаъҷӯии мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳар кадом ба ҳар роҳу васила аз муҳоҷирон “доля” кандан мехоҳанд, рӯбарӯ мешаванд. Бархе кормандони мақомот дар Русия барои кандани “доля” ҳатто гап задан ба забонҳоеро, ки муҳоҷирон гап мезананд, ёд гирифтаанд. Муҳоҷирон қисса мекунанд, ки чӣ гуна вақте ки байни худ маслиҳат карданӣ мешаванд, ки чандпулӣ диҳем ба ин пулис? 500 ё 1000? ногаҳон шоҳиди ба баҳс ба забони тоҷикӣ ҳамроҳ шудани пулис мешаванд, ки ба забони тозаи тоҷикӣ ба онҳо мегӯяд: “Панҷсад намешавад, бача. Ҳазор бите, ҳазор!”
Бо вуҷуди ин ҳама тамаъҷӯиҳои пайваста, теъдоди ангуштшумори муҳоҷирон мисли ин муҳоҷири тоҷик аз Челябинск ҷуръат мекунанд, ки аз бадрафтории кормандони пулис шикоят баранд. Бисёре аз муҳоҷирон ба шароити беҳуқуқии худ ишора мекунанд ва мутмаинанд, ки касе дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия барои ҳимоят аз онҳо қад алам намекунад ва дар ниҳоят гунаҳкорон аз об соф мебароянд ва тамоми гуноҳро боз ба гардани муҳоҷирони беҳуқуқ хоҳанд зад.