ЗАНОЗАНИИ ХУНИН ДАР РӮЗИ ИД ДАР НАЗДИ ТАРАБХОНАИ “ЭКСКЛЮЗИВ”

Як ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Сино ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст, ки санаи 20 июл, тахминан соати 11:00 дар назди тарабхонаи «Эксклюзив» дар маҳаллаи Деҳи болои шаҳри Душанбе як нафар тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бе ягон асос ӯро лату кӯб кардааст ва бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қисмати рони пои чапаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Маркази матбуоти ВКД гуфтбо гумони даст доштан дар ин ҳамла ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Сино дастгир шудааст.
хххххххххххххххххххххх
Ҳамчунин ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ғоратгарӣ боздошт шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 13 ба 14-уми июл, дар кӯчаи Н.Қарабоев, дар назди бинои №24/1 ба таври ошкоро аз дасти марди 32-солаи сокини пойтахт як адад телефони мобилии тамғаи «Редми Х-4»-ро кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз навори хабарҳои рӯзи 21 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Боздошт гардидани ҷавони 20-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми июли соли 2021, тахминан соати 11:00 дар назди тарабхонаи «Эксклюзив», воқеъ дар шаҳри Душанбе, шахси номаълум тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қисмати рони пои чапаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 13 ба 14-уми июли соли 2021, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев назди бинои №24/1 қарор доштанаш бо тариқи ошкоро аз дасти марди 32-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми Х-4»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.