ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

ВАЗИРИ СОБИҚИ МОЛИЯ АБДУСАЛОМ ҚУРБОНИЁН ДАР СИННИ 62 ВАФОТ КАРД

Абдусалом Қурбониён, собиқ вазири молияи Тоҷикистон дар синни 62 вафот кардааст. Маросими намози ҷанозаи ӯ рӯзи 21 июл дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара баргузор мешавад.

Дар бораи фавти Абдусалом Қурбониён вазорати молияи Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. “Роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ​аз марги нобаҳангоми собиқ Вазири молия ҚУРБОНИЁН АБДУСАЛОМ КАРИМ сахт андуҳгин буда, ​ дар ин рӯзҳои вазнину сангин ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд”, – гуфта мешавад дар номаи таслияти вазорат. Вале дар бораи иллати марги Абдусалом Қурбониён вазорати молия чизе нагуфтааст.

Абдусалом Қурбониён аз моҳи ноябри соли 2013 то аввали соли 2018, беш аз 4 сол вазири молияи Тоҷикистон буд. Ӯ баъд аз моҷарои ба ширкати “Умед 88” додани қариб 170 миллион сомонӣ аз пули саҳмияҳои сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ки идораи ин маблағҳо дар ихтиёри вазорати молия қарор дошт, аз мақом барканор гардида, дигар ба ягон мансаби баланд таъйин нашуд.

Абдусалом Қурбониён 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хидмати давлатии вобаста ба Президенти Русияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм кардааст.

Абдусалом Қурбониён дар даврони Шӯравӣ дар идораи коммуналӣ ва колоннаи №38 ноҳияи Данғара ба ҳайси ташкилотчӣ, челонгар, муҳандис ва усто кор карда, солҳои 1986-1995 дар бахши сохтмони сохторҳои вазорати обу обёрӣ дар вилояти Хатлон ва солҳои 1995-2006 ҳамчун нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст. Ӯ аз соли 2006 то 2013 дар мақоми сардори дирексияи сохтмони Дастгоҳи президент кор карда, моҳи ноябри соли 2013 ба мақоми вазири молия таъйин шуд ва то 2018 узви ҳукумат буд.

Абдусалом Қурбониён бо ордени “Шараф”, дараҷаи 1 сарфароз гардонида шудааст. Аз ӯ 4 фарзанд боқӣ монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button