ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮЗИ ИД ДАР СУЛТОНОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 июл, дар рӯзи иди Қурбон дар як садама дар ҳудуди ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ мошини “Тойота Кемри” ба канори роҳ чаппа шуда,  ронандаи 22-солаи он, сокини ҷамоати Зайнабобод дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст. Дар ин садама ҳамчунин се мусофири ин мошин: як ҷавони 20-сола аз ҷамоати Чоргултеппа ва ду хоҳари яке 18 ва дуюмӣ ҳамагӣ 11-сола аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи 20-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Хуҷамқулов Аслиддин Асомуддинович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди (Ёвон-Душанбе), дар ҳудуди ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашина Хуҷамқулов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони ин мошин Куганов Мансурҷон Ҷӯрақулович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия, Қиҷилова Зарина Салимовна, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Румӣ ва ноболиғ, Қиҷилова Фирӯза Салимовна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Румӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Маркази матбуоти ВКД дар шарҳи сабаби ин садамаи марговар гуфт, “ронандаи “Тойота” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 июл, дар арафаи иди Қурбон дар ду садама дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб 5 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тахминан соати 16 як духтари 12сола дар ҳудуди ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ зери чархи мошини ВАЗ 21099 ба ҳалокат расид.

Вале садамаи аз ҳама пурқурбонӣ соати шаши субҳи 19 июл дар наздикии Норак рух дод. Дар инҷо бар асари бархӯрди “Мерседес Спринтер” бо “Опел Астра” ҳарду ронанда ва ҳамчунин ду мусофири “Спринтер” ба ҳалокат расида, ду мусофири дигари ин мошин ҷароҳат бардоштанд. Ҳамаи ин 5 нафар аз “Спринтер” ҳамсинфон буда, аз 23 то 24 сол доштаанд. Ронандаи “Опел” низ ҷавон буда, 33 сол дошт.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button