ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ ИД СЕ НАФАР ҒАРҚ ШУДАНД: ЯК КӮДАК ДАР РӮДИ АНДИГОН, ДУ КАЛОНСОЛ – ДАР КАНАЛИ АЛИҶОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 июл, дар рӯзи иди Қурбон дар дарёву каналҳои Тоҷикистон 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки чорсола ғарқ шудаанд.

Тибқи маълумоти бахши КҲФ дар шаҳри Ваҳдат, рӯзи 20 июл, соати 11:50 як кӯдаки 4-сола аз деҳаи Шодмони ҷамоати Б. Бурунов ҳангоми дастурӯшӯӣ дар рӯдхонаи Андигон ба об афтидааст. Мутаассифона, он лаҳза дар назди тифл касе аз калонсолон набудааст. Ҷасади ӯро баъди чор соат, соати 16:00 аз об берун оварда, ба волидонаш супурданд. 

Ҳамин тавр, ду сокини як 29 ва дуюмӣ 45-солаи деҳаи Алиҷони ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара, рӯзи 20 июл, соати 13:00, аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар канали деҳаи Алиҷон ғарқ шудаанд.  Ҷасади онҳоро сокинон аз об берун кашида, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Сокини деҳаи Алиҷон Улуғбек Кӯганов низ дар Фейсбук дар бораи дар рӯзи иди Қурбон ғарқ шудани ду ҳамдеҳааш хабар дода, навиштаст, ки дар ҳаққи онҳо дуо кунед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button