ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МУРОҶИАТИ ПИСАРИ ИЗЗАТ АМОН БА МУҲОҶИРОН (ВИДЕО)

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки аз моҳи март, инак 4 моҳ боз дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад, дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хост, ки ба онҳо барои ҷамъоварӣ ва пардохти маблағи зараре, ки мақомот ба гардани падараш бор кардаанд, кумак кунанд. Муҳаммадюсуф Холов гуфт, онҳое, ки мехоҳанд ба онҳо кумак бирасонанд, ба корти бонкии ҳамсари Иззат Амон: Тағоева Сайёра дар  Сбербанк, рақамаш: 4279 3806 7390 8945 пул гузаронанд ва аз корту ҳисобҳои дигаре, ки нафарони қаллоб боз кардаанд ва гӯё барои Иззати Амон пул ҷамъ мекунанд, парҳез кунанд.

Писари Иззат Амон гуфт, парвандаи падарашро бояд рӯзҳои наздик ба додгоҳ бисупоранд. “Мо ба тантанаи адолат бовар дорем ва мутмаинем, ки падарам рӯзҳои наздик ба озодӣ мебарояд”, гуфт Муҳаммадюсуф Холов.

Ҳафтаи гузашта Шариф Қурбонзода, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, алайҳи Иззат Амон 12 нафар даъво пеш овардаанд ва ӯро дар қаллобӣ ба маблағи 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллар, дар умум наздики 10 ҳазор доллар айбдор мекунанд. Ба ақидаи даъвогарон, Иззат Амон дар Русия гӯё барои ҳимояти ҳуқуқи онҳо пул гирифта, вале фиребашон додааст. Наздикони Иззат Амон инро рад мекунанд, вале мегӯянд, бояд пули даъвогаронро пардохт кунанд, то баҳонаеро барои идомаи таъқиби ӯ ёфт нашавад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор аст, Иззат Амон моҳи август бар асоси қонуни афве, ки ба муносибати 30солагии истиқлоли Тоҷикистон қабул мекунанд, озод хоҳад шуд. Вале як шарти афв, қарори маълум, пурра пардохт кардани ҳаҷми зарарест, ки дар парванда нишон дода шудааст.

Иззат Амон рӯзи 25 март, ҳамагӣ чанд рӯз баъди лағви шаҳрвандии русиаш, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button