ИЗҲОРИ ТАСЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ МАРГИ ХОҲАРАШ

Ҳукумати Тоҷикистон фавти хоҳари президент Қурбонбӣ Раҳмоноваро расман тасдиқ карда, хабар дод, ки қалби ӯ 20 июл дар синни 64 аз таппидан боз монд. Дар номаи таслияти ҳукумат гуфта мешавад, ки “ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.”
Аммо дар номаи таслияти ҳукумат дар мавриди сабаби марги хоҳари президент чизе гуфта нашудааст. Радиои Озодӣ қаблан хабар дод, ки Қурбонбӣ (Қурбонгул) Раҳмонова шоми 20 июл дар бемористони ҳукуматӣ дар минтақаи маъруф ба “Шаҳраки тиббӣ” (“Медгородок”) дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Як манбаъ дар миёни пизишкон ба Радиои Озодӣ сабаби марги Қурбонгул Раҳмоноваро ба гирифторияш ба бемории коронавирус рабт дод. Ӯ гуфт, “беморияш тасдиқ шуда буд. Даҳ рӯз дар шифохона хобид.”
Қурбонгул Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона вақти аз масҷид, аз намози хуфтан баргаштанаш кушта шуд.
Маросими дафни Раҳмонова рӯзи 21 июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара баргузор мешавад.
Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар дод, ки Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон барои вафоти хоҳараш изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Маъмурияти вилояти Хатлон низ ба президент, фарзандон, хешу табор ва ақрабои хоҳари модари марҳум тасаллияти амиқ арз ва дар таҳаммули дарди фироқ сабру шикебоӣ таманно карда, Қурбонбӣ Раҳмоноваро “як намоди меҳру муҳаббат, иффату ҳунар, модари ғамхору иззатманд” ва хабари марги ӯро “бас таконбахшу ғамангез” номидааст.
“Дареғо, ки марги беамон боз як инсони шарифу фариштахӯ, дорои ахлоқи воло, маҳфилоро, мураббӣ ва тарбиятгари нотакрореро аз байни мо рабуд. Шахсе ба олами абадият пайваст, ки аз табори меҳру иффат буд, бо самимияту меҳрубонӣ, фазилати баланди инсонӣ маҳбуби дили пайвандону ҳамдеҳагону ҳамдиёрон гардида буд. Ӯ бо ҳамагон ҳамдаму дилсӯз ва ба ҷавонон меҳрубону роҳнамо буд, бо тамкину бурдборӣ, сухани нек, таҳаммулпазирӣ ва рафтори неку писандидааш намунаи ибрат буд. Ҳамагон ин модарро ҳамчун шахси комилан беозор, нармгуфтор, инсондӯст, самимӣ ба ёд хоҳанд дошт. Аз ин ҷост, ки марги чунин инсони соҳибдил барои азизонаш талафоти ҷуброннопазир ба шумор меравад.Хотираи дурахшони инсони некном дар дилҳои мо ҷовидонист. Ному ёдашон гиромӣ ва маскани охираташон пурнур бод”, – гуфта мешавад дар номаи таслияти маъмурияти вилояти Хатлон.
Дар ним моҳи охир Қурбонбӣ Раҳмонова инак дуюмин нафар аз хешовандони наздики президенти Тоҷикистон аст, ки ҳарчанд мақомот расман инро тасдиқ накардаанд, вале ба иттилои манобеи расонаҳо, бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус мефавтанд. Рӯзи 5 июл Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аломатҳори коронавирус дар клиникаи Мансуров дар Душанбе бистарӣ шуда буд, аз олам чашм пӯшид.
Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ шоми 20 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 51 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 43 нафар шифо ёфтаанд ва мутаассифона, дар як шабонарӯзи гузашта ду нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Вазорат исми қурбониёни нави коронавирусро нашр накардааст, вале дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар давоми рӯзи 20 июл дар бораи даргузашти дастикам 4 шахсияти шинохта бо гумони коронавирус хабарҳо нашр шуда буд.
Бино ба омори расмӣ, то шоми 20 июл дар Тоҷикистон дар умум 14 ҳазору 228 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 114 нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд ва 13 801 нафар, ё 97 % аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд. Ба ин тартиб, ҳоло дар кишвар 313 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат боқӣ мемонанд.
Мунтақидон бар инанд, ки омори расмии вазорати тандурустӣ хеле камтар аз шумораи воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон аст.

