ВидеоИлму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ГУРГИ АҶАЛ ЯК-ЯК АЗ ИН ГАЛА МЕБАРАД: ХАБАРИ МАРГИ ДАСТИКАМ 9 ШАХСИЯТИ ШИНОХТА

Раҳбари силсилаи мағозаҳои “Волна” Ҳакимов Амин Қаҳҳорович (дар синни 65)

Ректори собиқи Донишгоҳи Кӯлоб академик Самариддин Каримов,

Доктори илмҳои биологӣ, профессор Намоз Бердиев(дар синни 82)

Номзади илмҳои тиб Назокат Бузрукова

Табиби ҷавон Рустам Иматшоев

Раҳбари дастаи фолклории “Меҳр” Саломат Алимҷонова

Вазири собиқи молия Абдусалом Қурбониён (дар синни 62)

Коргардони синам Сафарбеки Солеҳ (дар синни 62)

Хоҳари президенти Тоҷикистон Қурбонбӣ Раҳмонова (дар синни 64)…

Ин исми танҳо 8 нафар аз шахсиятҳои шинохта аст, ки дар рӯзҳои ид ба зиндагӣ падруд гуфтанд. Аксари онҳо, мутаассифона, қурбони коронавирус шуданд…

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Ҳакимов Амин Қаҳҳорович, роҳбари мағозаи машҳури “Волна” дар шаҳри Душанбе дар снни 65 аз бемории коронавирус вафот кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, чанде пеш модари Амин Ҳакимов низ аз коронавирус ҷон бохт ва худи ӯ дар арафаи иди Қурбон тарки ин дунё кард.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 20 июл аз даргузашти академик Самариддин Каримов хабар дод. Ректори Донишгоҳ А.Мирализода даргузашти академик Каримовро талафоти бузург барои аҳли илм ва маорифи Тоҷикистон номид ва гуфт, Самариддин Каримов ягона мутахассиси соҳаи физика дар Тоҷикистон буд, ки дар масъалаҳои физикаи нимноқилҳо таҳқиқоти густурда ва арзишманд анҷом додааст.  Самариддин Каримов тамоми умр дар Донишгоҳи Кӯлоб кор карда, солҳои 90 ректори ин донишгоҳ буд. Ҳамсари ӯ профессор Иззатова М.И. них дар ҳамин даргоҳ ба донишҷӯён дарс медиҳад.

Доктори илмҳои биологӣ, профессор Намоз Бердиев низ дар синни 82 аз коронавирус ҷон бохт. 25 рӯзи охир ӯ бо ин беморӣ набард кард, вале субҳи 20 июл даргузашт. Профессор Бердиев23 январи соли 1939 дар деҳаи Митони ноҳияи Иштиҳони вилояти Самарқанд ба дунё омада, баъди хатми риштаи байтории Донишкадаи кишоварзии Самарқанд дар аввали солҳои 60 ба Тоҷикистон омад ва беш аз 60 соли умрашро ба ин ҷумҳурӣ бахшид.  Профессор Намоз Бердиев ҳанӯз соли 1982 рисолаи докториашро ҳимоят карда, солҳои зиёд дар Донишгоҳи тиббӣ, аз ҷумла дар мақоми муовини ректори ин мактаби олӣ кор кардааст. Ӯ узви 5 Шӯрои диссертатсионӣ буд.

Дар гуруҳи “Врачи Таджикистана” дар Фейсбук аз марги номзади илмҳои тиб, табиби неонатолог ва устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Бузрукова Назокат Ҷалиловна хабар доданд. Ба гуфтаи наздиконаш, Назокат Бузрукова 25 рӯзи охир дар  беморхонаи “Якум Советский” таҳти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дошт ва бо коронавирус мубориза мебурд. Соли гузашта ҷияни ӯ сартабиби таваллудхонаи вилоятии Суғд Шоира  Бузрукова бо хушдоманаш: ҳамсари нависандаи шинохтаи муқими Хуҷанд Муҳиддин Хоҷаев низ қурбони коронавирус шуда буд.

Халима Бобоева

Сегодня утром он нас ушла прекрасный человек, замечательный врачнеонатолог, Доцент кафедры ТГМУБузрукова Назокат Джалоловна Терпения родным и близким. Она навсегда будет жить в наших сердцах как и в ваших. Мы будем молиться за нее.

Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар Фейсбук хабар дод, ки субҳи иди саиди Курбон дили корманди ин муассиса Иматшоев Рустам Заҳматкашович аз тапидан бозмонд.

Роҳбарият ва кормандони Лоиҳаи “Хизматрасонихои мачмуӯӣ барои модар ва кӯдак”-и вазорати тандурустӣ ба аҳли оила, наздикону пайвандони марҳум бо изҳори  таслият сабри ҷамил  хостаанд. Дар бораи иллати марги Рустам Иматшоев чизе гуфта намешавад, вале таъкид шудааст, ки “хотираи неки ӯ, бо кору рафтори намунааш ҳамеша дар дили ҳамкорон боқӣ хоҳад монд.”

Зӯҳро Расулова  дар Фейсбук хабар дод, ки қалби  Саломат Алимҷонова, як аз занони маърифатпарвари ноҳияи Шаҳристон аз тапидан бозмонд. Саломат Алимҷонова баъди солиёни кор дар муасисаҳои гуногун, аз ҷумла ба ҳайси раҳбари бахши Бунёди забони тоҷикӣ, намоянда и Анҷумани тоҷикону форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” ва 15 сол раисии ҷамоат, ба нафақа баромада, дастаи фолклорсароёни ,,МЕҲР”-ро аз ҳисоби занони маълумоти олидор ташкил намуд.

Ин фақат исми чанд чеҳраи шинохта аст, ки дар рӯзҳои ид тарки мо карданд.

Ҳар рӯзӣ чӣ қадар аз сокинони оддӣ тарки ин дунё мекунанд, аз коронавирусу ба ҳар иллати дигар, касе намедонад.

Як хонандаи “Бомдод” хабар дод, ки тайи ду рӯзи охир дар деҳаи Пуштакӯҳ, собиқ Пушти Қӯрғони ҷамоати Моғиёни Панҷакент ду хешованди наздик Хушвақтов Қурбонқул (Мулло Қурбонқул) ва набераи бародараш Хушвақтова Диловара аз коронавирус ҷон доданд. Мулло Қурбонқул 65 сол ва ҷиянаш ҳамагӣ 33 сол доштанд.

Як хонандаи дигари “Бомдод” аз Вахш аз марги холааш бар асари коронавирус хабар дод ва якеи дигар аз Душанбе дар бораи фавтидани ду узви як оилаи ҳамсояашон…

Гурги аҷал якяк аз ин гала мебарад,

В-ин галаро бубин, чӣ осуда мечарад….

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button