ВидеоСиёсатТоҷикистон

ДАЪВАТИ “АВАНГАРД” АЗ ТАРАФДОРОНАШ: ҲАМА СОАТИ ЧОРИ САҲАРИ 22 ИЮЛ ҲАМА САФ КАШЕД! (7 АКС)

Фирузи Махмадулло   (Фирӯз Қодиров), роҳбари кунунии  “Авангард” дар Фейсбук аз номи ин созмони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон наздик аз ҳамаи тарафдорони “Авангард” даъват кардааст, ки “барои намоиш додани нерӯи ҷавонон ва мардуми сарбаланди кишвар” то санаи 22 июл худро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳо номнавис карда, санаи зикршуда, яъне 22 июл, субҳ, соати 4-00 субҳ дар қатори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои ҳимояи Ватан саф ороянд.   Дар ин даъват гуфта мешавад, ки “Авангард” ҳамавақт дар паҳлуи мардуми сарбаланди кишвар ва Пешвои миллат буд, ҳаст ва мемонад” ва “мо ҳама ҳама барои ҳимояи Ватани азизи худ омода мебошему онро муҳофизат мекунем!”

Тафсилоти дигар дода нашудааст, вале ин даъват дар ҳоле сурат мегирад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар пасманзари бад шудани вазъи амниятӣ дар манотиқи шимоли Афғонистон ва тасарруфи беш аз 900 км аз 1370 км марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аз ҷониби ҷангҷӯёни Толибон ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо амр дод, ки 20 ҳазор нафарро аз ҳисоби сарбозони захиравӣ ба ҳифзи марз бо Афғонистон сафарбар кунад.

Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ, бино ба иттилои дарёфтӣ, номнавис кардани афроди алакай дар артиш хидматкарда, ё ба қавли дигар “партизанҳо” барои сафарбарӣ ба марз идома дорад.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, танҳо дар ҷамоати онҳо дар ноҳияи Кушониён 400 нафарро барои сафарбарӣ ба хидмат сабти ном кардаанд. “Асосан онҳоеро номнавис мекунанд, ки дар хидмати ҳарбӣ дар саффи қӯшунҳои сарҳаддӣ хидмат кардаанд ваё дар ҷузвутомҳои ҷангии вазорати мудофиа, ба мисли қӯшунҳои пиёдагард, десантӣ, ё савора. Яъне онҳоеро интихоб мекунанд, ки малакаи ҷангӣ дошта бошанд”, гуфт як корманди комиссариати ҳарбӣ ба “Бомдод”.

Марҳалаи номнависии сарбозони захиравӣ тақрибан анҷом ёфтааст, вале сафарбар кардани онҳо ба ҳифозати марз зоҳиран дар сурати боз ҳам бадтар шудани вазъ дар он сӯи Омӯ сурат хоҳад гирифт.

Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё сафороии тарафдорони “Авангард” ба хотири сафарбарӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон аст ё ягон маъракаи таблиғотии навбатӣ?

 “Авангард” як созмони наздик ба бархе доираҳои ВКД Тоҷикистон аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст ва ба гуфтаи Фирӯзи Маҳмадулло, яке аз раҳбарони кунуниаш, то имрӯз 22 ҳазор нафар узв дорад.

Ахиран Радиои Озодӣ дар як гузориши таҳқиқотӣ навишт, бо вуҷуди чанд соли фаъолият ва доштани ҳазорон узв, “Авангард” то ҳол расман дар вазорати адлия сабти ном нашудааст.

Аъзои “Авангард”  аз ҷониби мақомот дар чорабиниҳои сиёсие, чун ташкили гирдиҳамоиҳо дар назди дафтарҳои сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе бо талаби ба Тоҷикистон супурдани роҳбарони фирории мухолифини тоҷик ва қатъи пуштибонии онҳо фаровон истифода мешаванд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, аъзои ин созмон мебошад, ки бо як лаҳни қабеҳ ба тарафдорони мухолифин ва ҳамин тавр, ба фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва журналистони мустақил ҳамла мекунанд.

Тайи чанд моҳи охир  “Авангард” чандон фаъол ба назар намерасид.

Аксҳо аз саҳифаи Фирӯзи Маҳмадулло дар Фейсбук

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button