ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ ҚУРБОНГУЛ РАҲМОНОВА – ХОҲАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Қурбонгул Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20 июл дар бемористони ҳукуматӣ, маъруф ба  “Медгородок” аз олам чашм пӯшидааст.

Манбаи ин хабар – Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд, вале чанд манбаъ дар Душанбеву Данғара хабари марги хоҳари президентро тасдиқ кардаанд.

Як манбаъ дар миёни пизишкон ба Радиои Озодӣ сабаби марги Қурбонгул Раҳмоноваро ба гирифторияш ба бемории коронавирус рабт дод. Ӯ гуфт, “беморияш тасдиқ шуда буд. Даҳ рӯз дар шифохона хобид.”

Қурбонгул Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона вақти аз масҷид, аз намози хуфтан баргаштанаш кушта шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, маросими дафни Раҳмонова рӯзи 21 июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Дар ним моҳи охир Қурбонгул Раҳмонова инак дуюмин нафар аз хешовандони наздики президенти Тоҷикистон аст, ки ҳарчанд мақомот расман инро тасдиқ накардаанд, вале ба иттилои манобеи расонаҳо, бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус мефавтанд. Рӯзи 5 июл Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аломатҳори коронавирус дар клиникаи Мансуров дар Душанбе бистарӣ шуда буд, аз олам чашм пӯшид.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ шоми 20 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 51 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 43 нафар шифо ёфтаанд ва мутаассифона, дар як шабонарӯзи гузашта ду нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Вазорат исми қурбониёни нави коронавирусро нашр накардааст, вале дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар давоми рӯзи 20 июл дар бораи даргузашти дастикам 4 шахсияти шинохта бо гумони коронавирус хабарҳо нашр шуда буд.

Бино ба омори расмӣ, то шоми 20 июл дар Тоҷикистон дар умум 14 ҳазору 228 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 114 нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд ва 13 801 нафар, ё 97 % аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд. Ба ин тартиб, ҳоло дар кишвар 313 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат боқӣ мемонанд.

Мунтақидон бар инанд, ки омори расмии вазорати тандурустӣ хеле камтар аз шумораи воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button