
Мақомоти тафтишотии ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия нисбат ба як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатии як ҳамватанаш парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ин ҷавони тоҷик бар асоси моддаи 106 Кодекси ҷиноятии Русия аз 3 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Сомонаи маҳаллии Gazeta.SPb.ru хабар дод, ки шаби 19 июл, соати 21:45 дар хиёбони Маскав, 1, дар назди фурӯшгоҳи “Адмиралтейский” байни шаҳрвандони Тоҷикистон муноқиша сар зада, дар ҷараёни он яке ба сӯи дигарӣ корд кашидааст.
Бино ба ин манбаъ, як ҷавони 19-сола, ки дар идораи муҳоҷират сабти ном надоштааст, ба қафаси синаи ҳамватани 20-солааш корд задааст.
Ҷабрдидаро бо ҷарозати миёна дар бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ кардаанд.
Дар робита ба ин ҳамла парвандаи ҷиноятӣ кушоданд ва рӯзи 20 июл пулис ҳамлагарро дар ҳамон хиёбони Маскав, дар назди бинои № 28 дастгир кард.
Сабаби муноқишаи байни ду ҷавони тоҷикистонӣ дар Петербург, ки ба чунин фарҷоми хунин овард, ҳанӯз равшан нест.
