ВидеоИқтисодТоҷикистон

АЗ ХӮРДАНИ ОДАМӢ ЗАМИН СЕР НАШУД… ДАР ПАНҶАКЕНТ 10 ҚУРБОНИИ СЕЛРО БА ХОК СУПУРДАНД (5 АКС)

Рӯзи 20 июл, соати 14, дар деҳаи Киштӯдаки ҷамоати Ёрии Панҷакент 10 қурбонии сели ахири харобиоварро ба хок супурданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ду қурбонии дигари ин офати табиӣ ҳанӯз идома дорад.

Дар гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам”  аз қавли сокинон хабар доданд, ки ҷанозаҳои ҳалокшудагонро аз овул (чарогоҳи тобистона), ки 30 км аз Киштӯдак дур аст, тавассути чархбол ба деҳа овардаанд. Дар маросими видоъ бо қурбониёни офати табиӣ ва намози ҷанозаи онҳо муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ва намояндагони дигар идораву корхонаҳо иштирок карда,  ба пайвандони фавтидагон тасаллият арз намудаанд.

Ёдовар мешавем, бар асари сели шадиди нимаи дуюми рӯзи 19 июл дар деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Киштӯдаки ҷамоати Ёрӣ 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ду зан дар худи деҳа тӯъмаи офати табиӣ шуда, боқимонда дар овул ба коми сел рафтаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 19 июл, тахминан соати 15:30 як сели азим дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд омад. Тибқи маълумоти пешакӣ аз лойобаву регу шағале, ки ин сел овард, 15 хонаи истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар диданд. Аз нопадид шудани 35 сар чорвои калон ва хурд низ хабар дода мешавад.

Бегоҳи 19 июл, тақрибан соати 17:30 сокинон ҷасади ду занро аз зери лойобаҳо берун оварданд.  

Дар чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштӯдак, ки дар баландии наздик ба 30 км аз Дашти Қозӣ ҷойгир аст, 10 нафаре, ки саргарми чорвочаронӣ буданд, зери сел монда, ба ҳалокат расиданд. Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон сафарбар шудаанд. 

Баъди гузаронидани як силсила корҳорои наҷот ҷасади 8 нафар сокинони деҳаи Киштӯдак аз зери лойобаву регу шағал берун оварда шуданд. Ҷустуҷӯи дуи дигар идома дорад. 

Рӯзи 19-уми июли соли равон, соати тақрибан 17:30 дақиқа бар асари боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Урметан, деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ се  омад ва 4 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ду пули мошингузари байни деҳаҳо хароб шуданд. Ҳамчунин  1 км хатти барқ канда шуд, 15 адад симчӯб осеб дид. Хатти интиқоли оби нӯшокӣ, каналу ҷӯйборҳо, қубурҳои обгузар, як адад пули одамгузар заминҳои кишоварзӣ, заминҳои назди ҳавлигӣ зарар диданд. Ба 1 мағоза, 8 хонаи истиқоматии шаҳрвандон лоиқа даромада  зарар расонид. Инчунин 4 адад автомашинаҳои сабукрав, чорвои калону хурдро сел бурдааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Худи ҳамин рӯз  тақрибан соати 17:40 дақиқа, бар асари бориши боронҳои пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик деҳҳаҳои Пастиғав, Ҳадишаҳр, Тит, Роғиф, Ревемутк сел омад, ки дар натиҷа роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, 20 га заминҳои корам, заминҳои назди ҳавлигӣ, 8 иншооти ёрирасон, 2 пул, 5 хонаи истиқоматӣ қисман, 3 хонаҳои истиқоматӣ пурра аз лойқаву сангу шағал пур шудааст. 

Инчунин аз талаф ёфтани 6 сар чорвои калон ва 20 сар чорвои хурд хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, ки ин сели азим як мошини тамғаи “Мусо”-ро бо чор мусофираш бурдааст. Маълум шудааст. ки ронанда ва мусофирони мошин бо ҷароҳатҳои гуногун зинда мондаанд ва ҳамаи онҳо ҳоло дар бемористон бистарианд.   

 Бино ба гузориши дигар,сел дар деҳаҳои Росровут ва Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич 15 хонаи истиқоматӣ, роҳҳои байни деҳаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман зарар расондааст. Талафоти ҷонӣ нест.  

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ҳамаи минтақаҳои зарардида аз сел Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият мекунад ва мизони зарари расидаро муайян мекунад. Техникаи махсус ҷудо шуда, барои рафъи оқибатҳои сел талошҳо идома доранд,  иттилоъ додааст КҲФ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button