ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ НАВ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ДАР НАЗДИКИИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Шаби 18 июл дар саҳни як бинои истиқоматӣ дар шаҳраки Апрелёвка дар вилояти Маскав байни ду гуруҳи муҳоҷирон занозанӣ ба амал омадааст. Дар сабти нашршуда дар Интернет дида мешавад, ки ду гуруҳ дар саҳни бино ба сари якдигар метозанд ва садои доду фарёд ва ҳам садои тир ба гӯш мерасад.

Манбаи хабаргузории ТАСС  дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, ки дар занозанӣ дар Апрелёвка ҳудуди 20 нафар иштирок карда, дар ҷараёни муноқиша аз калтаку шиша истифода бурдаанд. “Тирпарронӣ ҳам буд, вале ҳанӯз дақиқ нест, ки аз кадом навъи силоҳ истифода шудааст”,  – гуфтааст манбаи ТАСС.

Сабаби муноқиша ва аз кадом кишварҳо будани иштирокчиёнашро низ ҳаз муайян накардаанд. Дар ҷараёни бетартибиҳо чанд мошинро осеб расондаанд. Ба пулис сокинони бино занг задаанд.

Апрелёвка  шаҳракест бо 30 ҳазор аҳолӣ дар паҳлуи шоҳроҳи Калуга, дар 50-километрии ҷанубуғарби шаҳри Маскав.

Занозанӣ дар Апрелёвка як ҳафта баъди занозании шаби 12 июли ҳудуди дусад муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, асосан аз Қирғизистону Тоҷикистон, дар кӯчаи Зеленодолская дар назди истгоҳи метрои Кузминкии шаҳри Маскав аст. Дар ҷараёни он занозанӣ чанд нафар аз ҷумла бо захми корд бистарӣ карда шуда, пулис 103 нафарро боздошт кард. Додгоҳи ноҳияи Кузминки 48 нафар аз иштирокчиёни занозаниро бо ҷурми вайрон кардани тартиби гирдиҳамоӣ (митинг) ба 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Пулиси Маскав гуфт, ки иштирокчиёни ин занозаниро аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард. Вале Карина Каленова, сухангӯи додгоҳи Кузминки гуфт, масъалаи ихроҷи ин муҳоҷирон дар ҷаласаҳои додгоҳӣ баррасӣ нашудааст.

Мақомоти Маскав занозанӣ дар Кузминкиро як ҳодисаи фавқулодда арзёбӣ карданд. Дар пайи он муноқиша дар Маскав мавҷи нави боздоштҳои муҳоҷирон оғоз ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button