ВидеоИқтисодТоҷикистон

ҲАЛОКАТИ 9 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 4 КӮДАК БАР АСАРИ СЕЛ ДАР ДЕҲАИ КИШТӮДАКИ ПАНҶАКЕНТ (ВИДЕО)

Шоми 19 июл бар асари сели шадид дар деҳаи Киштӯдак дар канори шаҳри Панҷакент 9 нафар, аз ҷумла  4 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади 7 қурбонии селро аз зери хоку лой берун овардаанд.

Радиои Озодӣ гуфт, мақомот номи ду қурбонӣ — Мусаллама Эгамбердиева ва Ором Эралиеваро, ки зери лой монда, ҷон бохтаанд, эълон карданд.

Номи ҳафт нафари боқимонда, ки чаҳор нафари онҳо кӯдак ҳастанд, то ҳол эълон нашудааст. Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳафт нафар дар чарогоҳи деҳаи Киштудак, ки аз маҳалли зисташон 30 километр дуртар будааст, туъмаи сел шуданд.

Шоми 19 июл дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ низ боришоти шадид ва селу обхезӣ мушоҳида шудааст. Дар видеоҳое, ки “Азия Плюс” аз ноҳияи Айнӣ нашр кард, дида мешавад, ки сел ҳатто як мошини сабукравро бурдааст.

Дар аввали моҳи май низ бар асари селу боришот дар Тоҷикистон 9 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо хона ва садҳо гектар замини кишт хароб шуданд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба шумор меравад. Ба ҳисоби мақомот, аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза, лағжиши хок ва дигар офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишвар ҳудуди 2 миллиард доллар зарар расондааст.

https://www.facebook.com/groups/2577733702484417/posts/2979808078943642/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button