Ҳодиса

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НОРАКУ ВОСЕЪ ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19 июл, дар арафаи иди саиди Қурбон дар Нораку Восеъ се нафар, аз ҷумла як ноболиғи 12-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Садамаи аз ҳама сангину пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди Норак рух додааст.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 19 июл, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс (Спринтер)”, Бӯриев Муҳаммадҷон Маҳмадович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 50-ум, дар наздикии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда, Солиев Комрон Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама, ҳарду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони “Опел-Астра” Шокиров Шаҳриёр, соли таваллудаш 1998 ва Тоҷиев Шоҳин, соли таваллудаш 1998, ҳарду сокинони шаҳри Душанбе бо  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, ҳамон рӯзи 19 июл, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21099», Ҷалолов Ином Ҳалимҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Восеъ-Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ойшамоҳи Сӯҳроб, соли таваллудаш 2009, сокини ҷамоати деҳоти Гулистонро пахш  кардааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқи ин ду садамаи марговар идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button