19 ИЮЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ РЕКОРДИИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ
Бино ба охирин омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки шоми 19 июл нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 52 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз замони эътирофи мави нави ин беморӣ дар Тоҷикистон ин 52 ҳолат баландтарин рақамест, ки дар як рӯз мушоҳида шудааст, ва аз он дарак медиҳад, ки миқёси паҳншавии вирус дар кишвар рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 41 бемор аз коронавирус шифо ёфта, мутаассифона, як нафар фавтидааст. Рӯзи 19 июл расонаҳо дар бораи аз коронавирус дар синни 62 фавтидани коргардони шинохтаи синамои тоҷик Сафарбеки Солеҳ хабар дода буданд. Сафарбеки Солеҳ тақрибан як моҳ боз дар бемористон таҳти табобат қарор дошта, рӯзҳои охир ӯро ба дастгоҳи танаффуси сунъӣ (ИВЛ) пайваст карда буданд, вале табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то шоми 19 июл дар Тоҷикистон 14 ҳазору 177 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 13 ҳазору 758 нафар, ё 97 фоиз аз шумораи умумии беморон шифо ёфтаанд, вале 112 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо аз аввали моҳи июл дар Тоҷикистон алакай 22 нафар тӯъмаи коронавирус шудаанд.
Аз омори расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки феълан дар Тоҷикистон (ҳам дар хона ва ҳам дар бемористон) 307 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доранд.
Мунтақидон бар инанд, ки омори вазорати тандурустӣ ҳамаи миқёси воқеии паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикикистон бозгӯ намекунад ва шумори расмии гирифторону қурбониёни пандемия дар асл хеле бештар аст. Мунтақидон ҳамчунин мақомотро барои наандешидани тадбирҳои кофӣ дар муқобили мавҷи нави коронавирус айбдор мекунанд ва тарс доранд, ки дар пайи иди Қурбон миқёси паҳншавии пандемия боз ҳам хоҳад афзуд. Ёдовар мешавем, ба фарқ аз Ӯзбекистону Русия, дар Тоҷикистон бо вуҷуди хатари пандемия ба баргузории намози ид дар масҷидҳо иҷозат доданд.