ВидеоДин ва боварҳоИқтисодЧеҳраҳо

АМАЛИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН ДАР АРАФАИ ИД: КУМАК БА 1045 ОИЛА ВА ДАСТУРХОНИ ИДОНА БАРОИ 700 САРБОЗ (ВИДЕО)

Соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил”,  ки бо амалҳои хайри худ ном баровардааст, дар арафаи иди Қурбон ба 1045 нафар дар ноҳияи  Шоҳмансур кумакҳои ғизоӣ расонда ва барои беш аз 700 аскару афсари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дастурхони идона оростааст.

Дар гузориши вижаи видеоӣ гуфта мешавад, ки аз бастаҳои ёриҳои ғизоии ин соҳибкор аз ҷумла кормандони тиб, омӯзгорон, ятимону барҷомондагон ва оилаҳои муҳтоҷ баҳраманд шудаанд. Ин бастаҳои ёриҳои ғизоӣ аз маҳсулоте, чун гӯшт, равған, орд, биринҷ, макарон ва маҳсулоти дигар иборат будааст.

Соҳибкор, тавре дар видео дида мешавад, ҳамин тавр, дар арафаи ид барои беш аз 700 сарбози қисми низомии №02615 вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастурхони идона оростааст.

Дар гузориш чандин бор таъкид мешавад, ки ин амалҳои хайри Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов барои дигар соҳибкорони тоҷик низ бояд намунаи ибрат ва пайравӣ бошанд.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон, ки дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон аз соҳибкорони пештоз ба шумор меравад, бо амалҳои хайри худ машҳур шудааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ин соҳибкори дастбахайр соли гузашта ба дастикам 5 оилаи муҳтоҷу маъюб дар кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Айнии Душанбе манзилҳои нав  бо тамоми шароит ва ҷиҳози лозим туҳфа карда буд. Моҳи июни соли ҷорӣ Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ба як зани муҳтоҷ аз Турсунзода, ки бо ду фарзанди маъюбаш 25 сол боз  дар ба дари мардум зиндагӣ мекард, як ҳавлӣ бо тамоми ҷиҳозаш туҳфа карда, хонадор кардани писарони ин занро низ ба уҳда гирифт.

Дар аввали моҳи июл хабар омад, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ба як оилаи дигаре, ки 17 нафар, бо шумули 5 фарзанди маъюб, дар як ҳуҷраи танги хобгоҳ зиндагӣ доштанд, дар маркази шаҳр ҳавлӣ харида, низ бо тамоми ҷиҳози лозим барои рӯзгор таъмин кардааст. Соҳибкор ҳамчунин барои фарзандони ин хонавода, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор доштанд, чиптаи бозгашт харид, то ба назди наздикони худ баргарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button