ВарзишВидео

ТИМИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БА ТОКИО РАФТ. ВАЛЕ БЕ ГУЛСУМБӢ ВА БЕ ЧАНД МУРАББӢ

Тими олимпии Тоҷикистон, иборат аз беш аз 20 нафар, рӯзи 19 июл тавассути парвози Душанбе – Истанбул – Токио  барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба Япония рафт. Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки соли гузашта ба иллати коронавирус доир гашуд,  аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

  1. Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг),
  2. Акмал Муродов (-81 кг), 
  3. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),
  4. Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи гуштини дзюдо,
  5. Баҳодур Усмонов (-63 кг),
  6. Шаббос Неъматуллоев (-81 кг),
  7. Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс,
  8. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук,
  9. Анастасия Тюрина ва
  10. Олимҷон Ишонов, ҳарду оид ба шиноварӣ.

Ба ҳайси парчамбардори тими Тоҷикистон Темур Раҳимов интихоб шудааст.

Боз як варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарипова низ ба мусобиқаи давидан ба масофаи 200 метр дар байни занон ба Олимпиада роҳхат гирифта буд, вале мутаассифона, ба иллати лат хӯрдани пояш Гулсумбӣ ба Токио рафта натавонист.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдулло Қурбонзода ва Дилшод Назаров, раис ва муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷавонмардӣ нишон дода, аз сафар ба Токио даст кашидаанд, то ки ба ҳайъати олимпии Тоҷикистон ҳарчӣ бештар нафарони наздик ба варзиш, аз ҷумла мураббиён роҳ биёбанд.

Вале боз ҳам дар ҳайъат мансабдорон кам нестанд. Аз ҷумла Аҳтам Абдуллозода бо онки дигар роҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш нест ва ҳоло агентии хурди ҳифзи асрори давлатиро роҳбарӣ мекунад, дар ҳайъати расмии Тоҷикистон ба Токио меравад. Дар айни замон, барои мисол, шиноварони тоҷик маҷбур шудаанд, ки бидуни мураббиёнашон ба Олимпиада сафар кунанд.

Бино ба иттилои Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ, варзишгарони тоҷик сабқатро 24-уми июл шуруъ мекунанд. Дар ин рӯз Шаббос Неъматуллоев дар риштаи бокс дар вазни то 81 кило аз даври 1/16 финалӣ  вориди рақобат шуда, 25-уми июл муштзани дигари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров (писари раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур) дар вазни беш аз 91 кило аз 1/8 финал ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад. Аз 26 июл гуштингирони тоҷик ба сабқат сар хоҳанд кард.

Нарзуллоҳи Латиф менависад, ки тими Тоҷикистон инак бори ҳафтум дар Олимпиадаҳои тобистон иштирок мекуунад ва то кунун дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби 4 медал: як тило, як нуқра ва ду биринҷӣ шудааст. Медали тилоро барои Тоҷикистон Дилшод Назаров соли 2016 дар сабқати гурзандозӣ дар Рио де Жанейро ба даст овард. Муштзан Мавзуна Чориева соли 2012 дар Лондон ва гуштингир Расул Боқиев соли 2008 дар Пекин соҳиби медали биринҷӣ шуда, гуштингири доғистонӣ Юсуф Абдусаломов, ки дар Олимпиадаҳо аз номи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, дар Бозиҳои Пекин сазовори медали нуқра шуда буд.

Сафари варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Токио-2020

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ


Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 20 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар, барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ субҳи имрӯз, 19-уми июл, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истанбул – Токио ба Ҷопон сафар кард.

Дар, Тоҷикистонро даҳ варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи ҷудо,Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ – намояндагӣ мекунанд.

Вале Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио нарафт.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Токио 23-юми июл баргузор мешавад. Варзишгари маъруфи тоҷик Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон аст.

Варзишгарони тоҷик сабқатро 24-уми июл шуруъ мекунанд. Дар ин рӯз Шаббос Неъматуллоев дар риштаи бокс дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври 1/16 финалӣ мепардозад. 25-уми июл муштзани дигари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило дар 1/8 финал ширкат меварзад.

Рӯзи 26-уми июл Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар мусобиқаи ҷудо дар 1/32 финал иштирок хоҳад кард. 27-уми июл паҳлавони тоҷик Акмал Муродов дар ин ришта дар вазни то 81кило аз даври 1/32 финал ба рақобат сар мекунад. Комроншоҳ Устопириён бошад, дар вазни то 90 кило 28-уми июл аз даври муқаддамотӣ – 1/32 финал – ба рақобат мепардозад. 30-юми июл Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар 1/16 финал ширкат меварзад.

Шиноварон Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина рӯзи 30-юми июл дар масофаи 50 метр бо тарзи озод дар даври пешакӣ ба рақобат мепардозанд.

Рӯзи 31-уми июл дар сабқати варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври пешакӣ Илдар Аҳмадиев ба майдон меояд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ варзишгарони тоҷик муборизаро дар даврҳои баъдӣ идома хоҳанд дод.

Зимнан, аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат варзида буданд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020

Бокс, 24 июл – 1 август

Шаббос Неъматуллоев, вазни то 81 кг – 24 июл, 1/16 финал

Сиёвуш Зуҳуров, вазни + 91 кг – 25 июл, 1/8 финал

Баҳодур Усмонов, вазни то 63 кг – 27 июл, 1/16 финал

Ҷудо, 24 – 31 июл

Сомон Маҳмадбеков, вазни то 73 кг – 26 июл, 1/32 финал

Акмал Муродов, вазни то 81 кг – 27 июл, 1/32 финал

Комроншоҳ Устопириён, вазни то 90 кг – 28 июл, 1/32 финал

Темур раҳимов, вазни + 100 кг – 30 июл, 1/16 финал

Шиноварӣ, 24 июл – 1 август

Олимҷон Ишонов, 50 метр, тарзи озод, мардон – 30 июл, даври пешакӣ

Анастасия Тюрина, 50 метр, тарзи озод, занон – 30 июл, даври пешакӣ

Варзиши сабук, 30 июл – 1 август

Илдар Аҳмадиев, давидан ба масофаи 100 метр, мардон – 31 июл, даври пешакӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал – як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид.

Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кг ба даст овард.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Ба ин тартиб, ҳафтумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button