ВидеоКоррупсия

БАРҚЧИИ “ТОҶИКМАТЛУБОТ” БА ДУЗДИИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН КИЛОВАТТ НИРӮИ БАРҚ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 июл хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Раҳмонов Раҳмонқул Мӯсохонович,  мутахассиси техникӣ-барқчии ҶДММ “Илмию истеҳсолӣ”-и Иттифоқи “Тоҷикматлубот” –ро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст. Раҳмонқул Раҳмонов бар асоси қисми чоруми моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба азонихудкунӣ ба маблағи махсусан бузург айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, “Раҳмонов Раҳмонқул  Мӯсохонович дар вазифаи  мутахассиси техникӣ-барқчии ҶДММ “Илмию истеҳсолӣ”-и Иттифоқи “Тоҷикматлубот” кор карда, аз моҳи марти соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 аз истгоҳи трансформатори Т-1-630/10-и ҷамъияти мазкур ба миқдори 980 ҳазору 683 кВт-соат қувваи барқро истифода намуда, аз соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдои дар ҳудуди ҷамъият фаъолияткунанда маблағи умумии 586 ҳазору 116,67 сомонии истифодаи қувваи барқро ҷамъоварӣ кардааст, вале онро ба ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” пардохт накарда, маблағи дар ихтиёраш бударо бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намуда ба манфиатҳои шахсияш сарф кардааст.”

Ба Раҳмонқул Раҳмонов бар асоси қисми чоруми моддаи 245 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button