ВидеоФарҳанг

НАХУСТИН КИНО+КЛИПИ ҚАДАМИ ҚУРБОН БО НОМИ “ЁРУТ МЕШАМ” (ВИДЕО)

Канали TOJIKON GROUP дар Ютуб рӯзи 18 июл клипи таронаи нави Қадами Қурбон ва Шукронаро бо номи “Ёрут мешам” нашр кард. Ин клип дар байни камтар аз як шабонарӯз алакай наздики 100 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст. Ин аввалин клипи Қадами Қурбон дар соли 2021 аст.

Масъулони канал ин клипи навро “киноклип” номидаанд, чунки он 10 дақиқа тӯл мекашад ва беш аз 6 дақиқаи аввалаш мисли як серияи филми мазҳакавиест, ки аз лиҳози муҳтаво ба филми “Бандии Қафқоз, ё саргузаштҳои дигари Шурик” шабоҳат дошта, вале дар ҳавои мусиқии ҷаззоби филми  машҳури мазҳакавии тоҷикии “Муҷассамаи ишқ”, ки бо номи “Бобои Ғаффор ва Санам” ҳам маъруф аст,  сохта шудааст.

Қадами Қурбон дар ин филми кӯтоҳ нақши марди танбали деҳотиеро бозӣ мекунад, ки вақте ба зӯр аз хоб бедораш мекунанд ва ӯ савори хар ба роҳ мебарояд, духтари зебои мошинсаворро  дар роҳ мебинад, ки мошинаш вайрон шудааст. Қадами Қурбон, ки тибқи сенария, бо як дидан ба ин духтари номаш Шукрона дил мебандад, зуд худро устои мошин мегирад ва ба Шукрона изҳори ишқ мекунад.

Қадами Қурбон, як овозхони тӯйгард аз ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), дар солҳои охир бо тарзи аҷиби таронахониаш шуҳрати зиёд пайдо кард. Ӯ аз ҷумла дар вақти ҳунарнамоияш дар аз пистолет ба ҳаво тир холӣ мекунад ва ҳангоми хондани як дуэт бо Зайнаб, ки қудои Қадами Қурбон ҳам будааст, Зайнаб овози шиҳаи аспро тақлид мекунад

Бархе таронаҳои ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо карданд. Худи Қадами Қурбон мегуфт, видеоҳои ӯро дар Интернет мухлисонаш мегузоранд: “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое,ки дар интернет нашр мешавад,хабар надорам.”

Вақте мардум Қадами Қурбонро хеле сахт гирифт, ки бо таронаҳои аз ҳад соддааш санъати тоҷикро беобрӯ мекунад, овозхони шинохта Ҷонибеки Мурод аз вай пуштибонӣ кард. Ӯ соли 2019 Қадами Қурбонро ба Душанбе даъват карда, сарупо, телефон, ҳатто мӯйсараш, дар умум имиҷи ӯро нав кард ва ваъда дод, ки нахустин клип и касбиашро омода ва нашр мекунад.

Клипи “Азизам”, ки JM Company – студияи Ҷонибеки Мурод сабт ва рӯзи 25 марти соли 2019 дар каналаш дар Ютуб нашр кард, дар байни ҳамагӣ 7 рӯз як миллион тамошобин ҷамъ овард. Ин як рекорди бесобиқа барои овозхонони тоҷик дар Ютуб буд.

“Умираю” – клипи дуюми Қадами Қурбон, ки ҳамроҳ бо Мино аз ҷониби продюсери шинохта Баҳриддин Сабурӣ сабт ва рӯзи 25 май дар канали peshsaf tj дар Ютуб нашр шуд, рекорди қаблии худи Қадамро шикаст ва алакай дар 4 рӯз қуллаи як миллионро дар Ютуб фатҳ кард. 

Ҳамин тавр, “Малика куштӣ бобота” дар иҷрои Қадами Қурбон дар Ютуб қариб 4 миллион тамошобин ҷамъ овард. Вале баъди пандемия Қадами Қурбон дар сабту нашри клипҳои наваш чандон фаъол набуд ва ба ҷуз аз “Мндалағут” (“Қурутоб”) клипи наве аз вай дарнаомад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button