ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ КОРГАРДОНИ ШИНОХТА САФАРБЕКИ СОЛЕҲ АЗ КОРОНАВИРУС

Сафарбеки Солеҳ, коргардони шинохтаи синамои тоҷик, рӯзи 19 июл ба иллати бемории коронавирус дар синни 62 вафот кард. Маросими намози ҷанозаи Сафарбеки Солеҳ субҳи 20 июл,, пеш аз намози ид дар маҳаллаи Ганҷобод, собиқ Нефтянники ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

Сафарбеки Солеҳ чанд ҳафтаи охир дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дошт ва ӯро ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда буданд. Вале табибон, мутаассифона, натавонистанд коргардони маъруфро аз чанги марг наҷот диҳанд.

Сафарбеки Солеҳ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол буд, охирин паёмаш дар Фейсбукро аз бемористон бо нашри ду акс дар рӯи кати беморӣ ва бо изҳори сипос аз табибони даъвати мардум ба эҳтиёт дар баробари хатари коронавирус  гузошта шуд. “Худро эҳтиёт кунед!”  – навишта буд ӯ дар ин паёми васиятиаш ба мардум.

Сафарбеки Солеҳ соли 1959 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1989 риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм кардааст.Сафарбеки Солеҳ чандин сол масъули бахши равобит бо ҷомеи барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон буд.

Ӯ муаллифи 4 филми ҳунарӣ, аз ҷумла “Тақвими интизорӣ”, “Ангуштари арӯсӣ”, “Ғайриоддӣ” ва “Ҳамсояҳои наққош” мебошад, вале бештар дар таҳияи филмҳои мустанад устод буд. Машҳуртарин филмҳои мустанади ӯ “Жакон” дар бораи “Гӯруғлӣ”хони шинохта Ҳикмат Ризо, “Ашаглон” дар бораи як маросими мардумӣ,  “Комил” дар бораи коргардони машҳури синамои тоҷикуқ ӯзбек Комил Ёрматов ва “Нисор” дар бораи собиқ вазири маорифи Тоҷикистон Нисор Муҳаммади Афғон аст.

Аз Сафарбеки Солеҳ ҳамчунин филмҳои  “Kобус”, “Дар диёри қаҳрамони халқ”, “Ба номи Ҳурмуз”, “Ҳадди охир”, “Мадори ҷустуҷӯ”, “Дарё”, “Соярӯшан”, “Байни нилуфару вақт”, “Гул ба домони диёр”, “Ганҷи бодовард”, “Чархофалак” ба ёдгор монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button