ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДАР ҶИЛИКӮЛ ЯК МАРД АВВАЛ ЗАНАШ ВА СИПАС ХУДАШРО КУШТ, ДАР ҚУМСАНГИР ПИРАМАРДИ 74-СОЛА ДОМОДАШРО КОРД ЗАД

ВКД Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ба сари якдигар корд кашидани хешу табори наздик хабар дод. Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон зану шавҳар дар чунин як ҳодиса ҷон бохтаанд.

Марказ матбуоти ВКД гуфт, як марди 29-солаи сокини шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) субҳи 18 июл, тахминан соати 09:00 ба манзили истиқоматии апаи ҳамсараш зани 32-солаи сокини шаҳраки 20-солагии Истиқлолият рафта, аз сабаби муноқишаи ба миён омада  ба бадани ҳамсари 27-солааш 10 зарбаи корд зада, сипас бо корди дар дасташ буда 4 маротиба ба бадани худ задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба беморхонаи марказии ноҳия бурдан ҷон бохта, худи гумонбаршаванда дар шӯъбаи эҳёгари ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҳалокат расидааст.

 Тафтиши ин қазия идома дорад. Тафсилоти дигар ҳанӯз дастрас ва нашр нашудааст.

ххххххххххх

Бино ба хабари дигар, кормандони милитсия пирамарди 74-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳунро, ки пеш бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ  суд шуда буд, ин дафъа бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфт, пирамард рӯзи 18 июл, тахминан соати 13:00 дар хонаи истиқоматиаш домодаш, марди 31-солаи сокини шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхиро аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ ду зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Тафтиши ҳодиса идома дорад.  Ба пирамард ин дафъа бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ санаи 18-уми июли соли 2021, тахминан соати 09:00 ба манзили истиқоматии апаи ҳамсараш зани 32-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур рафта, ҳамсараш зани 27-солаи сокини ҳамонҷоро аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 10-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зада, баъдан худашро 4-маротиба бо корди дар дасташ буда, задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи гумонбаршаванда дар шӯъбаи эҳёгари ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани пирамарди 74-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия пирамарди 74-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, ки пеш бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 18-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:00 дар хонаи истиқоматиаш бо домодаш марди 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ ду маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button