ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

345 ГУРЕЗАРО АЗ ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН БАРГАРДОНДАНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 17-18 июл 345 сокини қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо чор ҳазор чорво  ва воситаҳои нақлиёташон, ки рӯзҳои 13-14 июли соли ҷорӣ тавассути хати сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буданд, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахон баргардонида шуданд.

Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.
“Вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад”,  афзудааст маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Марзбонҳои тоҷик ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки рӯзҳои 13-14 июл 347 сокини қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хатти сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Қизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 кӯдаки ноболиғи то дусола фавтидаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи марзбонони тоҷик, ҳангоми ворид шудан ба марзи Тоҷикистон аз ин гурезаҳо беш аз 3,5 кило маводи мухаддир низ ёфт ва мусодира шудааст.

Сарҳадбонони тоҷик бо риояи принсипи инсондӯстӣ ва робитаи неки ҳамсоягӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд”, гуфта мешуд дар иттилоияи маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. Онҳоро дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб ҷой карда буданд.

Ба дунбол, вазорати хориҷаи Қирғизистон бо ирсоли як нота ба Тоҷикистон хост, то ин гурезаҳои қирғизтаборро ба Қирғизистон интиқол бидиҳанд.

Дар камтар аз як моҳи охир ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон қисмати аксари манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар шимоли Афғонистон ишғол карданд. Ин боиси ба хоки Тоҷикистон фирор кардани беш аз 1500 сарбозу афсар ва беш аз 1000 нафар аз сокинони мулкии Афғонистон шуд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф метавонад суқут кунад.

Толибон гуфтаанд, ки қасди эҷоди ноамнӣ дар марз бо кишвари Тоҷикистонро надоранд. Вале дар Душанбе ва дигар пойтахтҳои минтақа бахусус баъди зери фишори Толибон ба қаламрави Тоҷикистон сарозер шудани беш аз 1500 сарбози нирӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҳудуди 1400 гурезаи мулкӣ аз он кишвар ба тағйири вазъ дар Афғонистон бо нигаронӣ нигоҳ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ахиран дастур дод, ки 20 ҳазор нафарро аз ҳисоби сарбозони захиравӣ ба артиш сафарбар кунанд. Душанбе ҳамчунин расман аз созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон кумак хостааст.

Рӯзи 16 июл зимни боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз воҳидҳои сарҳаддии Панҷ ва Ҳамадонӣ дар назди президент паради қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон низ доир карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button