ВидеоМуҳоҷирон

ОТЕЛЛОИ ТОҶИК АЗ РАШК БА САРУ РӮИ ДЕЗДЕМОНАИ РУСАШ БЕНЗИН РЕХТА, ӮРО ОТАШ ЗАДААСТ

Додгоҳи ноҳияи Кузминкии шаҳри Маскав моҳи июн зодаи Тоҷикистон Билол Бадаловро бо ҷурми сӯиқасд ба куштор  ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Тавре аз маводи парванда бармеояд, Бадалов мисли Отелло, ки маҳбубааш Дездемонаро аз сари рашк кушт, рафтор карда, аз ниҳояти рашк маҳбубаи 30-солаашро ҷазои сахт доданӣ шуда, ӯро оташ задааст.

Додгоҳ мегӯяд, Билол Бадалов моҳи майи соли 2020 ба сару рӯи ҷавонзан бензин рехта, ӯро оташ задааст ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Вале қасди куштор нотамом монд, чунки зан тавонистааст оташро фурӯ нишонад ва ҷонашро аз марг наҷот диҳад. Ӯро бо сӯхтани 42% масоҳати бадан, ҷароҳатҳои дараҷаи I-II-III дар ҳолати шок бистарӣ карда, Билол Бадаловро бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор боздошт карданд.

Билол Бадалов дар рафти тафтишот ва мурофиа иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо қисман ба гардан гирифта, дар тавҷеҳи худ гуфтааст, ки ҷавонзан ба вай хиёнат карда, чорае ба ҷуз аз интиқом барояш боқӣ нагузошт.

Билол Бадалов

Ин нахустин мавриди куштор ё қасди куштори ҳамсарони рус аз ҷониби зодагони Тоҷикистон нест.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” ахиран хабар дод, ки ташхиси равонӣ як марди 27-солаи зодаи Тоҷикистон ва сокини шаҳри Перми Русияро, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш айбдор мешавад, солим баровард. Акнун ба ӯ барои куштори ду нафар ва кӯдаке, ки дар батни ҳамсараш буд, ҳукми абад таҳдид мекунад.

Ин алакай ташхиси дуюми ҳолати равонии ин марди муттаҳам ба куштор буд. Ташхиси аввал дар Перм ба шакли амбулаторӣ анҷом дода шуд, вале натавонист муайян кунад, ки оё ин нафаре, ки ҳатто ба тифли батни модар раҳм накард, аз лиҳози равонӣ солим аст ё мариз? Барои ташхиси дуюм ӯро ба Екатеринбург бурданд ва ин ташхиси статсионаӣ ба хулосае расид, ки айбдоршаванда ҷавобгӯи амалу рафтораш ҳаст ва барқасд даст ба қатл задааст.

Рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Есенин дар касабаи Заостровкаи шаҳри Перм ҷасади зани ҳомилаи 21-соларо дар дохили манзил ва ҷасади падари ӯро аз назди хона пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли онҳо хеле зуд шавҳари зани кушташударо дастгир карданд. Ин марди 27-сола дар бозори Заостровка ҳаммолӣ мекард ва шаҳрвандии дугонаи Русия ва Тоҷикистонро дошт.

Ӯ аз соли 2012 дар Перм зиндагӣ мекард. Гумон меравад, ки сабаби куштор муноқишаи ӯ бо ҳамсараш шудааст. Бино ба як фарзия, гӯё зан мехост аз ӯ ҷудо шавад ва падараш низ тарафдори ҷудо шудани онҳо буд. Вале мард ба ин розӣ набуд ва масъаларо ба чунин шеваи бераҳмона ва хунин “ҳал” кардааст.

Парвандаи ӯ бояд ба зудӣ ба додгоҳ супурда шавад. Ба ин мард тибқи қонунҳои Русия, ҳабси абад таҳдид мекунад.

Вале войи ду кӯдаки хурдсоли онҳо, ки дар роҳи зиндагӣ сарсону бемутакко монданд. Вақте мард занашро кушт, писари онҳо ҳамагӣ якунимсола буду духтарашон ҳамагӣ чормоҳа…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button