ВидеоКоррупсия

МЕХОСТ ФИРОР КУНАД: БОЗДОШТИ БАРНОМАСОЗИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ДАР МАРЗ БО ӮЗБЕКИСТОН

Илҳом Наҷиев, барномасози компютерии фурудгоҳи Душанбе, ки бо иттиҳоми қочоқи 60 ҳазор доллар ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт, чанд рӯз қабл дар марз бо Ӯзбекистон дастгир шудааст. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Илҳом Наҷиевро ҳангоми кӯшиши фирор аз қаламрави Тоҷикистон дастгир кардаанд.

“Маъмулан онҳое, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доранд, ба рӯйхатти сиёҳи афроди мамнӯъулхуруҷ шомил карда мешаванд. Вақте ки Илҳом Наҷиев мехост бо роҳи заминӣ аз марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон убур кунад, марзбонҳои тоҷик номи ӯро дар компютер заданд ва маълум шуд, ки ӯ ҳаққи сафар ба хориҷи кишварро надорад. Ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва чораи пешгирӣ нисбат ба вай аз озодии шартӣ (подписка о невыезде) ба ҳабси пешакӣ иваз карда шуд. Наҷиев акнун ба эҳтимоли ғолиб то анҷоми тафтиши парвандааш дар ҳабси пешакӣ хоҳад монд” – хабар дод, ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дода буд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 29 июн Илҳом Наҷиев, барномасози компютерии фурудгоҳи Душанбе ва як ҳамкори ӯро дар ҳуҷраи кориашон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маблағҳои бузурги асъори хориҷӣ дастгир кардаанд. Манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки кормандони КДАМ аз ҳуҷраи кории Илҳом Наҷиев ва ҳамкораш 60 ҳазор доллар пули нақд пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Илҳом Наҷиев дар фурудгоҳ мутахассиси IT буд, вале барои таъмини рӯзгор ба соҳибкорон барои интиқоли пулашон ба хориҷи кишвар кумак мекард. Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ асосан ба самти Дубай пул мефиристод.

Ба гуфтаи ин манобеъ, баъди дастгир шудан кормандони фурудгоҳ кӯшиш кардаанд, ки ба афсари амният пора дода, ҷони худро халос кунанд. “Як пачкаашро гиру фаромӯш кун ин ҳодисаро”, – пешниҳод кардааст Илҳом Наҷиев ба афсари амният. Вале он афсар, ки зимнан куратори фурудгоҳ низ ҳаст, Наҷиеву шарикашро дашном дода, аз гирифтани 10 ҳазор доллар даст кашидааст”, – нақл кард яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Ба гуфтаи ин манобеъ, кормандони КДАМ соҳибкореро, ки гумон меравад, 60 ҳазор доллари омода барои интиқол ба Дубай ба ӯ тааллуқ дорад, низ бозпурсӣ кардаанд.

Ба Илҳом Наҷиев ва шарикаш бар асоси моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷаримаи ҳангуфт (аз 1275 то 1642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ваё аз 7 то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Ба онҳо ҳамчунин бар асоси моддаи 289  барои қочоқи маблағи бузурги асъори хориҷӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳоло ба Наҷиев метавонанд ҳамчунин кӯшиши фирор аз ҷавобгарии ҷиноятиро низ бор кунанд, ки ҳолати вазнинкунанда ба ҳисоб меравад.

Илҳом Наҷиев. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button