ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ДИЛШОД ҲАМАГӢ 45 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ ПИСАРИ ГУЛНАЗАР АЗ КОРОНАВИРУС

Дилшод, писари Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллӣ (Гимн)-и Тоҷикистон Гулназар, рӯзи 17 июл дар синни 45 дар бемористони “Истиқлол” аз бемории коронавирус вафот кардааст. Падари ӯ устод Гулназар низ як сол пеш – 13 августи соли 2020 дар ҳамин бемористон аз коронавирус вафот карда буд.

Ба гуфтаи як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Дилшод барои як бемории дигар бистарӣ шуда буд, вале аз қазо дар бемористон ба коронавирус гирифтор шудааст.

“Баъди гирифтор шуданаш Дилшодро ба бемористони “Истиқлол” интиқол додаанд. Вақте муоина кардаанд тақрибан аз нисф бештари шушаш алакай фалаҷ шуда будааст. Биноан, зарурати гузоштани дастгоҳи нафаскаширо бефоида донистаанд…” – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Дилшод Келдиев (Дилшоди Гулназар) як инсони оддиву заминӣ буд ва бо таксиронӣ зиндагиашро пеш мебурд. Ӯро асри 17 июл дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд. Ба гуфтаи дӯстонаш, хонаи худи Дилшод дар Қарияи болост, вале ҷанозаашро аз хонаи падараш дар биное, ки асосан адибони тоҷик зиндагӣ мекунанд, бароварданд. Аз Дилшод як фарзанд боқӣ монд.

Дилором Раҷабиён, духтари устод Гулназар, ки дар Лондон ба сар мебарад, низ саҳифаашро дар Фейсбук ҷомаи сиёҳи мотам пӯшондааст, вале дар бораи марги бародараш ҷузъиёте надодааст. Даҳҳо нафар дар саҳифаи Дилором Раҷабиён ба ӯву аҳли хонадонашон изҳори таслият ва ҳамдардӣ кардаанд.

Гулназар, Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи Суруди миллӣ (Гимн)-и Тоҷикистон, рӯзи 13 августи соли 2020, дар остонаи ҷашни 75-солагиаш, низ дар бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯро дар оромгоҳи Лучоб дар канори дигар бузургони адабиёту фарҳанг ба хок супурданд.

Гулназарро чанд рӯз пеш аз маргаш бо аломатҳои коронавирус дар Маҷмаи тандурустии “Истиқлол” бистарӣ карда буданднд. Рӯзи 12 август ӯро ба сабаби бад шудани вазъи саломатиаш зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) қарор доданд, вале мутаассифона, табибон натавонистанд Гулназарро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳамагӣ ду рӯз пеш аз маргаш Гулназар дар мусоҳибае аз бемористон гуфта буд, ки ҳолаш хуб аст ва дӯстон нигарон набошанд: “Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд…”

Маросими дафни Гулназар. 14 августи соли 2020

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1966 риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Нахустин китоби ашъораш бо номи “Расми сарбозӣ” соли 1969, вақте Гулназар ҳамагӣ 24 сол дошт, ба нашр расид. “Расми сарбозӣ” (1969), “Дастархон” (1972), “Нордбон” (1975), “Ағба” (1978), “Паҳно” (1981), “Лангар” (1983), “Пайи дарё” (1985), “Чашми нигин” (1988), “Табхола” (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” – унвони  чанде аз китобҳои ашъори Гулназар аст, ки дар Тоҷикистон чоп шудаанд. Гулназар ҳамчунин муаллифи ду намоишномаи таърихӣ дар бораи Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғаззолӣ буд.

Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Шоири маъруфи эронӣ Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи “Забони ошиқӣ” дар Теҳрон нашр карда буд. Ҳамин тавр, чанд маҷмӯаи дигари ашъори Гулназар ба забони русӣ бо номи “Звезда Улугбека” (1981) ва “Безымянный родник” (1986) дар нашриёти “Советский писатель” дар Маскав ва маҷмӯаи “Тень тутовника” (1989) дар Душанбе чоп шудаанд.

Гулназар муаллифи Суруди миллӣ (Гимн)-и Тоҷикистон мебошад. Матнеро, ки Гулназар навишт, ба ҷои матни Абулқосим Лоҳутӣ, ки саршори мадҳи давлати Шӯравӣ буд, дар миёнаи солҳои 90 ба унвони гимни давлатии Тоҷикистон пазируфтанд. Ӯ барои матни Суруди миллӣ соли 1994 сазовори ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва соли 1995 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button