ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

АНГЕЗАҲОИ СИЁСӢ ДАР ПАРВАНДАИ АДВОКАТ РИЗОЕВ: АМНИЯТИ МИЛЛИИРО НОУСТУВОР МЕКАРД…

Адвокати ҳуқуқшиноси тоҷик Абдулмаҷид Ризоев, ки барои матлабҳояш дар Фейсбук ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд, аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст. Дилафрӯз Самадова ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, то ҳукми Ризоев бекор ва парвандаи ҷиноятиаш қатъ карда шавад.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 14 июн Ризоевро бар асоси моддаи 307, иловаи 1, қисми 2 “даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи интернет” гунаҳкор донист. Ин додгоҳ бо гузашти як моҳ ҳукми содиркардаи худро шарҳ надодааст.

Дилафрӯз Самадова гуфт,  ташхисгарон навиштаҳои Ризоевро дар Фейсбук нодуруст шарҳ додаанд ва аз номи худ дар он илова кардаанд, ки хилофи қонун аст.  Ӯ афзуд, тафтишот навиштаҳои зерҳимояашро “ифротгароӣ ва ноустувор сохтани амнияти миллӣ” номидааст, ки хатост. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, рӯзи 2-уми марти соли 2020 Ризоев дар саҳифаи Фейсбукаш чунин навиштае гузоштааст: “ман ҳам бетараф наистода, пурсиши хурде анҷом додам. Натиҷа чунин буд: 25 дар сад рафтаанд, 75 дар сад нарафтаанд.”

Ташхисгарон дар хулосае, ки ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, навиштаанд, дар ин матлаб ҳолати зоҳиршавии ифротгароӣ ва тундгароӣ дида мешавад.Ҳарчанд дар ин навишта ҳеҷ ишорае ба интихобот нест, вале дар хулосаи эксперт гуфта мешавад, ки “мавод бо натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Ин дар ҳолест, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тақрибан 8 моҳ баъди ин навишта анҷом ёфт

Дилафрӯз Самадов мегӯяд, дар шикояти худ ба додгоҳи зинаи болоӣ навиштанд, ки дар робита ба ин пости фейсбукии Ризоев эксперт аз номи худ дурӯғбофӣ кардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки ин матлаб метавонад ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон рабт дошта бошад, ки 1 марти соли 2020 доир шуд.

Абдумаҷид Ризоев, ки дар гузашта корманди “Ампаро”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон буд, солҳои ахир дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” кор мекард.

Дилафрӯз Самадова гуфт, додситонӣ инчунин чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ мерасонад, айбдор кардааст.

Бознашри андешаи Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро низ додситон андешаи ифротгароёна хондааст.

Дилафрӯз мегӯяд, ҳатто шеъри “Падаре гуфт, ба писар бо қаҳр: Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар низ дар парванда ҳамчун ҳарфи ифротгароёна ворид шуда буд, вале баъдан забоншиносон хулоса доданд, ки ин шеър моҳияти фалсафӣ дорад. Ӯ гуфт, ин шеър пок карда шуд, вале дигар навиштаҳои ӯро, ки бештар фалсафӣ буданд, ҳамчун айбнома ба парванда ворид карданд.

Худи Ризоев дар додгоҳ гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чунки пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд ва масъулони ширкати “Пӯлодӣ Плаза”, ки  бояд  дар инҷо бинои нав созад, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки аз додани машваратҳои ҳуқуқӣ ба сокинони ин бино даст бардорад. Намояндагони “Пӯлодӣ Плаза” ин иддаоро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ризоев ба пешгӯии интихобот дар Facebook низ муттаҳам аст. Адвокат ӯро бегуноҳ медонад

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button