ВидеоФарҳанг

ВИДЕОИ ФУТБОЛБОЗИИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД БО ПИСАРАШ МУҲАММАД

“Аз хона баромадан намемонад…”: Фарзонаи Хуршед дар бораи футболбозӣ бо писараш – видео

Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед бо писараш футбол бозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Овозхони номдори тоҷик Фарзонаи Хуршед дар саҳифааш дар Instagram ян навори нав нашр кардааст, ки дар он ҳамроҳи писараш футбол мебозад.

Зоҳиран дида мешавад, ки сароянда барои ҳунарнамоӣ омода шудааст ва дар тан пироҳани зебои гӯлобӣ дорад.

Вале, ба гуфти худаш барои писараш фарқ надорад, ки модар чӣ пӯшоке дораду ба ҷое дер мекунад.

“То ман бо ӯ футболбозӣ накунам маро аз хона баромадан намемонад. Барои ӯ фарқе надорад, ки дер карда истодаам ё ин ки лисбоси мувофиқ надорам”, – навиштааст Фарзона ва писарашро чемпион хондааст.

Ҳамвандони сароянда (Фарзона дар Инстагарм 660 ҳазор пайрав дорад) аз ин бозии модару писар ба ваҷд омадаанд ва қайд мекунанд, ки модар бояд ҳамингуна бошад.

Мухлисонаш мегӯянд, модар бояд дар тарбияи фарзанди худ аз уҳдаи ҳамаи кор барояд.

Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Хуршед соҳиби ду фарзанд як писару як духтар мебошад. Номи духтараш Закия ва писараш Муҳаммад аст.

Ин фарзандони ӯ ва ҳамсари собиқи Фарзона сарояндаи дигари эстрадаи тоҷик Фаридуни Хуршед мебошад.

Фаридуни Хуршед соли 2019 баъди ҷудо шудан аз Фарзона, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксорона баргузор гардида, исми ҳамсари севумашро расонаӣ накард.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи сеюмаш соҳиби як писар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button