ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ОЛМОН 133 КАС ҲАЛОК ШУД. САФОРАТ ТОҶИКҲОИ БЕДАРАКШУДАРО МЕҶӮЯД (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Берлин аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд, хостааст, ки агар дар бораи бар асари офатҳои табии ахир бедарак шудани шаҳрвандони тоҷик дар мавзеъҳои офатзада хабаре дошта бошанд, ба сафорат хабар диҳанд.

Ин даъват дар ҳолест, ки  бар асари селу боришоти шадиди ду рӯзи гузашта дар Олмону Белгия дастикам 160 нафар ҳалок шудаанд. Бештар аз ҳама: 133 нафар дар Олмон тӯъмаи ин офати табиӣ шудаанд ва гумон меравад, ки ин рақам метавонад боз ҳам биафзояд, чунки даҳҳо нафари дигар ҳамчунон дар рӯйхатти афроди бедаракшуда боқӣ мемонанд.

Бино ба гузоришҳо, бар асари офати табиӣ беш аз 20 шаҳр дар Олмону Белгия ва чанд нуқтаи аҳолинишин дар Люксембург хароб шуда, дар манотиқи офатзада хатҳои барқу телефон ва Интернет ҳам аз кор баромадаанд.

Ин яке аз пурқурбонитарин офатҳои табиӣ дар чанд даҳсолаи охир дар Аврупо дониста мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Белгия Филипп ва президенти Олмон Франк Валтер Штайнмайер барқияи таслият ирсол карда, аз марги сокинони ин ду кишвар бар асари офати табиӣ изҳори андуҳ ва ҳамдардӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button