ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсонҶомеа

БЛОГЕР ҶУНАЙДУЛЛО ХУДОЁРОВ: БО ҚОТИЛИ ҶИЯНАМ АЛИРИЗО РӮБАРӮ ГАП ЗАДАМ… (ВИДЕО)

Ҷунайдулло Худоёров, блогери тоҷики муқими Русия, ки баъди қатли бародарзодаи 21-солааш Алиризо ба Тоҷикистон баргаштааст, рӯзи 17 июл  бо нашри як муроҷиатнома ба роҳбарони Тоҷикистон гуфт, ки бо Зафарҷони Насриддин, гумонбаршавандаи асосӣ дар қатли бародарзодааш  рӯбарӯ суҳбат карда ва аз ин суҳбат ба хулосае расидааст, ки Зафарҷони Насриддин дар нақшаи қатли Алиризо танҳо набуд, балки тибқи маслиҳати пешакӣ бо хешу табори наздикаш гуруҳӣ ба ӯ ҳамла кардаанд.

Ҷунайдулло Худоёров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, бо Зафарҷони Насриддин дар додситонии ноҳияи Рашт дар ҳузури муовини додситони ноҳия ва муфаттиши парванда рӯбарӯ суҳбат кардааст. “Зафарҷони Насриддин иқрор кард, ки онҳо аз пеш нақшаи куштани Алиризоро маслиҳат кардаанд. Ҳамин тавр, падари ӯ Насриддин Ҳусейнов ва амакаш Сайҷалол Ҳусейнов чанд вақт пеш таҳдид карда будаанл, ки Алиризоро мекушем. Ҳамин гуна, ним сол пеш дар вақти бозии волейбол Ҳусейновҳо ба зидди Алиризо алакай як бор корд кашида буданд. Он вақт бачаҳои деҳаи Яшм онҳоро халос карданд, вале Раҷабалӣ Ҳамидов ҳамон вақт занталоқ хӯрдааст, ки бо ҳамин корд туро мекушем. Иттифоқан Алиризоро бо ҳамин корд куштанд…” – гуфт Ҷунайдулло Худоёров.

Ӯ аз роҳбарони кишвар даъват кард, ки ҷараёни таҳқиқи ин қазияро зери назорат бигиранд ва нагузоранд, ки гунаҳкорон беҷазо монанд. Ба гуфтаи Ҷунайдулло Худоёров, ҳарчанд дар қатли Алиризо дастикам 5 нафар иштирок доштанд, як нафар (Зафарҷони Насриддин) ин ҷиноятро ба калла гирифтааст ва дигаронро баъди як рӯз аз ҳабс озод кардаанд.

Назари ҷониби дигари баҳс дастрас нест.

Ёдовар мешавем, рӯзи 12 июл, тахминан соати 18:00 дар деҳаи Яшм Зафарҷони Насриддин бо корди шикорӣ (финка) як маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи Алиризо Худоёров зада, сипас аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. ВКД гуфт, ки ӯ ин кушторро дар заминаи хусумати шахсӣ анҷом додааст.

Алиризо Худоёров, донишҷӯи соли дуюми риштаи ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Раштро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, вале ӯ дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон дод.

Нисбат ба Зафарҷони Насриддин бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо маълум нест, оё нисбат ба онҳое, ки дар латтукӯби Алиризо ба Зафарҷон ҳамдастӣ кардаанд, низ парвандае боз шудааст ё хайр?

Байни авлоди Ҳусейновҳо ва Худоёровҳо дар Яшм хусумати дерина вуҷуд дошт. Ин хусумат моҳи январи соли 2018, вақте авҷ гирифт, ки ҳангоми бозии волейбол байни ин ду авлод занозанӣ рух дод ва он вақт Муҳаммадраҷаб Худоёровро бар асоси моддаи 237, қ.3 бо ҷурми авбошӣ ва бар асоси моддаи 110, қ.2 бо ҷурми расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда, бародари ӯ Муҳаммадрозиқро бо ҷурми авбошӣ (моддаи 237, қисми 2)  30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд  ва Алиризо Худоёровро низ бар асоси моддаи 237 дар авбошӣ гунаҳкор дониста, фақат барои он вақт ноболиғ буданаш ду сол ҳукми зиндони шартӣ дода буданд. Ба гуфтаи Худоёровҳо, дар он занозанӣ ҳамин Зафарҷони Насриддин, ки ҳоло барои одамкушӣ ба ҳабс гирифта шудааст, низ ҳамроҳи бародараш Алишер ва чанд тани дигар аз хешу табораш иштирок доштааст.

Дар аввали соли 2019, вақте мақомоти ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризоро, ки бо блогҳои интиқодиаш дар бораи роҳбарони ноҳия ном бароварда буд, ба “салафигароӣ” айбдор карда, ба зиддаш парванда сохтанд, Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо ба кумаки мақомот шитофта, дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ ба зидди Ҷунайдулло Худоёров баёнот доданд.

Ва аммо ин навбат хусумати авлодӣ бо марги Алиризо Худоёров анҷомид. Алиризо, ки ҳамагӣ 21 сол дошт ва курсии донишҷӯиро бар муҳоҷират дар Русия бартарӣ дод. Бехабар аз он ки аз сад гулаш як гулаш ҳам ношукуфта дар даруни деҳаи худаш ҷавонмарг мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button