ВидеоНуқтаи назарТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗИРИ МАОРИФ ДАР БОРАИ “МАРШИРОВКА”: БИЁЕД, АЗ ЯК ЧИЗИ ХАСАКӢ МАСЪАЛА НАСОЗЕМ! (ВИДЕО)

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 16 июл дар нишасти хабарии вазорат ба суоли хабарнигорон дар мавриди “маршировка”, яъне ҷалби донишҷӯёну хонандагон  ба тамрини раҳпаймоиҳои бахшида ба  ҷашни 30-солагии истиқлолият вокуниши тунд кард ва гуфт, “биёед, аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем!”.

” Гӯё дар Тоҷикистон ягон проблемаи дигар нест. Ин қадар проблемае, ки дар марзи Афғонистон аст, гӯё касе намешунавад. Бача омода машқашро мекунад. Баъд аз ин шояд рафта футбол бозӣ мекунад, рафта пеши роҳи онро ҳам гирем? Мактаббача баъд аз маршировка рафта дар саҳро ба падару модараш кӯмак мекунад, рафта пеши роҳи инашро ҳам гирем? Маршировка як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс халал мерасонад ва ин берун аз дарс аст. Ба сатҳи маърифати мову шумо ҳамин чиз мувофиқ нест “, гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Вазири маориф афзуд, дар кишварҳои дигар низ ҷавононро ба ҷашнҳои оммавӣ, аз ҷумла ба баргузории карнавалҳо ҷалб мекунанд ва вазорати маориф ҳамчун як муассисаи давлатӣ ба ҷалби хонандагон ба таҷлили ҷашни истиқлоли Тоҷикистон назари манфӣ надорад: “Истиқлол истиқлоли миллӣ аст, давлат, ватан аст ва ифтихори мо аст. Ҳар касе инро ба таври дигар қабул мекунад, ин ба маърифати худи ҳамон одам дахл дорад. Мо ба ягон роҳи бад ба роҳи ҷиноят ҳидоят накарда истодаем”.

Як нигаронии волидон ҳамин аст, ки дар ин рӯзҳои мавҷи нави паҳншавии коронавирус ҷалби ҳазорон нафар ба “маршировка” метавонад ин маъракаро ба як манбаи дигари паҳншавии ин беморӣ табдил диҳад. Вале Имомзода гуфт, “тамоми иштирокчиёни ин маъракаҳо ваксина қабул карда истодаанд.”
Нуралӣ Шоев, раиси идораи фарҳанги шаҳри Душанбе ду рӯз пеш хабар дода буд, ки аз тақрибан 15 ҳазор донишҷӯи ба “маршировка” ҷалб шуда, алакай беш аз 7 ҳазораш ваксинаи якуми зидди коронавирусро гирифтаанд.
Рӯзи 15 июл Умед Бобозода ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар нишасти хабариаш изҳор дошт, ки ҷалби донишҷӯён ба “маршировкаҳо” поймол кардани ҳуқуқи инсон нест.
Бобозода дар посух ба суоли хабарнигори “Азия плюс” гуфт, ки ин кор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ ҳаст ва барои мисол, дар  чемпионатҳои футбол  ҳам ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд.
“Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,- таъкид кард Бобозода.
https://www.facebook.com/groups/1140869819318324/posts/5763183747086885/

Обидҷон Назаров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъулияти “маршировка” ба ӯ вогузор шудааст, қаблан гуфта буд, ки ба чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30солагӣ ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯ ҷалб шудаанд. Дар рӯзҳои ҷашн  дар моҳи сентябр, қарор аст, 30 ҳазор нафар дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон роҳпаймоӣ кунанд.

Вале дар пасманзари афзоиши мавридҳои гирифторӣ ва ҳатто ҳалокати сокинон аз коронавирус бисёриҳо баргузории “маршировка” бо иштироки ҳазорон донишҷӯро зери суол гузошта, аз мақомот хостаанд, ки ин чорабиниро то беҳтар шудани вазъ қатъ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button