Раёсати Росселхознадзори ҷумҳурии Бошқирдистон хабар дод, ки кормандонаш аз 9 то 15 июл дар фурудгоҳи Уфа аз мусофироне, ки аз Тоҷикистону Озарбойҷон меомаданд, даҳҳо кило маҳсулоти хӯроквории мамнӯъро мусодира кардаанд. Росселхознадзор гуфт, мусофирон ин маҳсулотро бидуни асноди фитосанитарӣ мехостанд ба Русия ворид кунанд.
Аз 12 мусофир дар маҷмӯъ 42,3 кило маҳсулот, аз ҷумла асал, қурут, равған мусодира шуда, Росселхознадзор гуфт, ки ин ҳама маҳсулотро бо мақсади ба қаламрави Бошқирдистон роҳ надодани бемориҳои сироятӣ нобуд хоҳанд кард.
Дар аксҳои нашркардаи Росселхознадзори Бошқирдистон дида мешавад, ки аз мусофирон бештар аз ҳама қурут мусодира кардаанд, вале дар байни маҳсулоти мусодирашуда ҳатто як ҷорӯби хонарӯбӣ ҳам дида мешавад.
Қурут як навъ маҳсулоти хушк аст, ки аз чакка бо иловаи намак тайёр карда мешавад ва дар Осиёи Марказӣ хеле маъруф аст.
Росселхознадзор чанд сол боз аз хориҷ ба Русия овардани бисёре аз навъҳои маҳсулоти ғизоӣ ва растаниро маҳдуд кардааст. Ин маҳдудиятҳо баъди хуруҷи коронавирус бештар карда шуд.
Ин идора қаблан дар бораи мусодира даҳҳо кило маҳсулоти ғизоӣ, асосан қурути асал аз бағочи мусофирон дар фурудгоҳҳои Омску Волгоград ва Саратов низ хабар дода буд. Аксари ин мусофирон аз Тоҷикистон меомаданд.