ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ БОЗОРБОЙ ОДИНАЕВ – МУАЛЛИФИ ТАРОНАИ “МАН АҲЛИ ХУРОСОНАМ” (ВИДЕО)

Бозорбой Одинаев, овозхони ансамбли “Шашмақом”-и вилояти Хатлон рӯзи 16 июл дар хонааш дар деҳаи Дониёрқули ноҳияи Кӯшониён дар синни 55 аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Бозорбой Одинаев чанд рӯзи охир аз бемории монанд ба коронавирус ранҷ мекашид ва дар хона табобат мегирифт.

Маросими намози ҷанозаи овозхон асри 16 июл дар деҳаи Дониёрқул доир шудааст (ДАР АКС).

Бозорбой Одинаев қаблан дар мактаби мусиқии шаҳри Бохтар ба шогирдон дарс медод ва ахиран ба ансамбли “Шашмақом” ба кор гузашт, чун мехост барои эҷод вақти бештар дошта бошад.

“Дар мактаб шогирдон хеле хастаам мекунанд, мегуфт. Акнун орзу дошт, ки ҳама таронаҳояшро гирд биорад ва дар студияҳои ҳирфаӣ сабт ва клип кунад, вале умр вафояш накард”, – гуфт яке аз дӯстони Бозорбой Одинаев ба пойгоҳи хабарии “Бомдод”.

Бозорбой Одинаев таронаи зиёд надошт, вале дар интихоби ҳар тарона заҳмати зиёд мекашид ва аз ин рӯ, таронаҳоеро интихоб мекард, ки мазмуни баланд дошта бошанд.

“Ман аҳли Хуросонам”, “Эй Ватан”, “Чилдухтарон” аз ҷумлаи таронаҳоеянд, ки аз ин овозхон ба ёдгор мондаанд.

Дар соли ҷорӣ Бозорбой Одинаев дастикам чорумин ҳунарманди тоҷик аст, ки қурбони коронавирус мешаванд. Овозхони шинохта Қурбоналӣ Абдуллоев ҳанӯз дар аввали сол – моҳи январ аз коронавирус фавтид. Қурбоналӣ Раҳмон, овозхони дигари маҳбуби мардум ҳафтаи гузашта ва ҳунарпешаи маъруфи театру синамо Шералӣ Абдулқайсов ҳафтаи равон ба иллати коронавирус тарки ин дунё ва мову шумо карданд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор ва шумори қурбониёнаш ба 110 нафар расидааст. Танҳо аз аввали моҳи июл дар кишвар, бар асоси омори расмӣ, 20 нафар қурбони коронавирус шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button