ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР 15 РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 20 НАФАР ҶОН БОХТААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 15 июл хабардод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ боз 42 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавируси навъи нави COVID-19 ва, мутаассифона, боз як ҳолати нави фавт аз ин бемории сироятӣ сабт шудааст.

Ба ин тартиб, то шоми 15 июл шумораи умумии нафарони ба коронавирус гирифторшуда дар Тоҷикистон дуруст ба 14 ҳазор нафар расид, ки аз ин шумор 110 нафараш ҷон бохта, 13 ҳазору 631 нафар, ё 97,4% аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд. Тибқи ин арқом, ҳоло бо нишонаҳои коронавирус 259 нафар таҳти табобат боқӣ мемонанд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, танҳо аз аввали моҳи июл  алакай 20 нафар дар Тоҷикистон қурбони коронавирус шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2021 сарсахтона ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ва фавти сокинон аз ин бемориро рад мекарданд, вале рӯзи 21 июн маҷбур шуданд, эътироф кунанд, ки ҷумҳурӣ ба мавҷи нави коронавирус рӯбарӯ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button