ВидеоИқтисодҶомеа

АШКҲОИ ШОДИИ ИСМАТОВҲО: СОҲИБКОРИ ТОҶИК ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК ОИЛАИ МУҲТОҶ ХОНАЮ ҲАВЛӢ ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Пас аз тамошои видеои “Зиндагии 17 нафар дар як хона” аз рӯзгори талхи оилаи Исматовҳо, ки 17 нафар, аз ҷумла бо 5 фарзанди нобино, дар ҳуҷраи танги як хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил”, ба аёдати ин хонавода омада, барои ҳамсояҳои онҳо чанд деги калон монда, ош дод ва сипас аз Исматовҳо хоҳиш кардааст, ки ба мошинҳои овардааш савор шаванд.

Рустам Азимӣ, хабарнигори нашрияи “Оила”, ин лаҳзаҳоро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: “Касе аз аҳли оила намедонист, ки соҳибкори маъруф онҳоро ба куҷо мебарад, вале… Баъдтар маълум шуд, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов барои ин оилаи камбағал дар маркази шаҳр ҳавлии хеле калон ва зебою пуршукӯҳе харида, алакай онро таъмир намудааст. Вақте ки калиди ҳавлиро ба дасти Исматовҳо супурданд, тамоми аҳли оила зор-зор гиря карданд, вале ин ашкҳо ашки шодӣ буданд.”

 Манзили нави Исматовҳо аз 5 ҳуҷра ва ҳавлии калон иборат буда, бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолину парда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, дастгоҳи хӯрокпазӣ ва косаву табақ таъмин карда шудаанд.

“Соҳибкори раҳмдил ғами хӯрду хӯроки маъюбонро низ хӯрда, анвои хӯрокаро аз қабили орду равған, биринҷу шакар, картошкаву пиёз ва ғайра захира намудааст, то Исматовҳо аз ягон чиз танқисӣ накашанд. Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин барои се фарзанди ин оила, ки дар Русия дар муҳҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, чиптаи ҳавопаймо харид, то ба Ватан ба назди волидон ва зану фарзандонашон баргардад”, – менависад Рустам Азимӣ, ки маҳз бо шарофати навори видеоии таҳиякардаи ӯ оилаи Исматовҳо соҳиби хонаи худ шуд.

Нашрия изҳори умед кардааст, ки соҳибкорони дигар низ аз Маҳмудҷон Муродов дарси ибрат гирифта, ба чунин оилаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Сомонаи “Оила” барномаи вижаеро бо номи “Умеди охирин” пеш мебарад, ки тавассути видео дар бораи зиндагии сахти оилаҳои муҳтоҷ ва бехона қисса мекунад ва чандин оила то имрӯз бо шарофати ин барнома соҳиби хона шудаанд.

Аз ҷумла  моҳи июн “Оила” хабар дод, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил» боз ба як оилаи муҳтоҷ хонаи нав туҳфа кард.

Малика Қувватова, сокини шаҳри Турсунзода 25 сол боз бо  фарзандони маъюбаш Ҳасану Ҳусейн дар як хобгоҳи умумӣ зиндагӣ доштанд. Кӯдакони ӯ ҳамагӣ 3 сол доштанд, ки шавҳараш аз саратон вафот кард. Аз як тараф бемории фарзандон, аз ҷониби дигар алами бехонагӣ ин занро маҷбур намуд, ки ба барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи “Оила” муроҷиат кунад.

Пас аз пахши навори видеоӣ аз аз соҳибкорони муваффақи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати ин оилаи ниёзманд рафта, бо вазъи зиндагии эшон аз наздик ошно гашт ва ваъда дод, ки ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, мушкили онҳоро ҳал ва Ҳасану Ҳусейнро хонадор ҳам мекунад.

“Оила” навишт, сароғоз қарор буд, ки барои ин оилаи камбизоат аз биноҳои баландошёна хона мехаранд, вале бо дарназардошти он ки Ҳасан ва Ҳусейн ҷавонанду фардо оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешаванд, соҳибкори дурандеш барои ин оила як ҳавлии хеле калон ва зебову замонавиро пайдо кард. Манзиле, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин оилаи камбизоат туҳфа кардааст, аз 5 дар хонаи калону барҳаво, ду ҳамом ва ошхонаю дигар иншоотҳои зарурии рӯзгор иборат буда, бо қолину палос низ таъмин карда шудаст. Соҳибкори хайрхоҳ ҳамчунин ба Малика Қувватова барои харидани ҷевон, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ, чангкашак ва дигар таҷҳизоти рӯзгор иловатан 20 ҳазор сомонӣ додааст.

“Апаи Малика ва писаронаш Ҳасану Хусейн он рӯз аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, охир онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки рӯзе соҳиби чунин манзили зебо хоҳанд гашт”,  – менависад “Оила”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайраш машҳур буда, соли гузашта ба дастикам 5 оилаи муҳтоҷу маъюб дар кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Айнии Душанбе манзилҳои нав  бо тамоми шароит ва ҷиҳози лозим туҳфа карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button