Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 15 июл дар нишасти матбуотии Агентӣ гуфт, дар нимаи аввали соли 2021 дар ҷумҳурӣ 1 тоннаву 695 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодир шудаааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта ним тонна ё 43 фоиз бештар мебошад.
Дар ин муддат дар Тоҷикистон дар умум 446 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин назар ба як соли пеш 24,9 фоиз бештар мебошад. 819 кило маводи мухаддирро кормандони ВКД ва 662 килояшро кормандони КДАМ мусодира кардаанд. Агентӣ гуфт, имсол кормандонаш аз фаъолияти 28 гуруҳи ҷиноӣ пешгирӣ карда, парвандаи 128 нафари муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддирро ба додгоҳҳо супурдаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон расман 5003 нашъаманд сабти ном шудаанд, ки аз ин шумор 109 нафараш занон мебошанд. Агентӣ гуфт, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 187 нафар ё 3,6 фоиз коҳиш ёфтааст ва дар умум, имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 000 аҳолӣ 54 нашъаманд рост меояд, ки он нисбат ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело паст мебошад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.
Воҳидзода дар ҳисоботаш гуфт, мутобиқи маълумоҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13878 ҷиноятҳои умумӣ (с.2020-12293) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12.9 % ё 1585 ҷиноят зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, 446 ҷиноятҳои (с.2020-357) марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс ба 6 моҳи якуми соли 2020 24,9 дарсад ё 89 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда, 3,2 дарсадро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 Агентӣ 104 (с.2020-80) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуд, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 24 ҷиноят ё 30 дарсад зиёд мебошад.
Дар ин давра, аз ҷониби кормандони Агентӣ 10 нафар (с.2020-0) шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби Агентӣ бо фикри айбдоркунӣ 84 (с.2020-52) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 128 (с.2020-88) нафар ба судҳо ирсол гардиданд.
Дар робита ба ин, ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 134 ҳазор сомонӣ ҳабс гузошта шуд.
Аз муомилоти ғайриқонунӣ 200 кг 593 гр (с.2020-131 кг 657 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кг 873 гр героин, 32 кг 554 гр афюн, 127 кг 439 гр ҳашиш, 1 кг 807 гр бангдона ва 34 кг 920 моддаҳои психотропию сахттаъсир, дар намуди хока ва ҳабҳои синтетикӣ (2434 адад) мусодира гардид.
Дар ин робита, мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар дорад, 34 кг 920 гр- ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 14 кг 545 гр ё 2,4 маротиба зиёд мебошад.
Бо мақсади қатъ намудани фаъолияти ҷиноятии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша (ГМҶ), ки ба воридсозӣ ва паҳнкунии маводи нашъаовар машғуланд, аз ҷониби Агентӣ чораандешӣ карда шуда, дар ин давра фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 64 нафар, аз ҷумла фаъолияти 1 ГМҶ дар ҳайати 2 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 695 кг 645 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 (1 т 185 кг 434 гр) 43 % ё 510 кг 211 гр зиёдтар мебошад, аз ҷумла: аз ҷониби ВКД–819 кг 119 гр (2020–543 кг 437 гр), КДАМ–662 кг 646 гр (2020–488 кг 152 гр), АНДМ ва МК–11 кг 731 гр (2020–1 кг 502 гр) ва ХГ– 1 кг 121 гр (2020–20 кг 686 гр) мусодира гардидааст.
Бо вуҷуди коҳиш ёфтани ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, афзоиши ҳаҷми мусодираи гурӯҳи бангдона (бангдона ва ҳашиш) ба мушоҳида мерасад.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 бошад аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳамагӣ 1 т 380 кг 280 гр маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона мусодира шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (731 кг 615 гр) 88,7 фоиз ё 648 кг 665 гр зиёдтар мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра, аз ҳаҷми умумии мусодирагардидаи гурӯҳи бангдона 1 т 281 кг 978 гр ё 93 фоизро ҳашиш ва 98 кг 302 гр ё 7 фоизро бангдона ташкил медиҳад.
Тибқи омори расмӣ ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар ҷумҳурӣ 5003 нафар нашъаманд, аз ин 109 нафар зан дар қайд мебошад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (5190/113 нафар) 187 нафар ё 3,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 000 аҳолӣ 54 нашъаманд рост меояд, ки он нисбат ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело паст мебошад.