ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҲАМАДОНӢ ЯК ЗАН ЗАНИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААСТ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати расондани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дод. Лозим ба зикр аст, ки дар як маврид ба чунин кирдор зан айбдор мешавад.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 13 июл, тахминан соати 20:30, зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи М.Ҳамадонӣ дар манзили истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳраки Москва, маркази ин ноҳия, бо соҳиби хона ҷанҷол карда,  бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба тахтапушти он зан задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. Ташхиси судию тиббӣ, ҷароҳати ӯро ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ кардааст.

Нисбат ба зани гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сабаби ба сӯи сокини шаҳраки Москва корд кашидани ин зан дар хабар гуфта нашудааст.

ВКД гуфт, ҳамин тавр, марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пушкини шаҳри Истаравшан  низ аз тарафи кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст. Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 12 июл, тахминан соати 22:30, дар ҳолати мастӣ дар назди хобгоҳи №44-и маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд бо марди 27-солаи сокини ин шаҳр ҷанҷол карда, бо санг 2-маротиба ба сари номбурда задааст. Мувофиқи хулосаи  ташхиси судию тиббӣ, ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ мешавад.

Нисбати сокини Пушкин низ бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ба ӯ ҳам аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button