ВидеоМуҳоҷирон

42 ИШТИРОКЧИИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР МАСКАВРО БА ҲАБС ГИРИФТАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Кузминкии шаҳри Маскав рӯзи 14 июл боз 42 иштирокчии занозании шаби 12 июли байни муҳоҷирон дар назди истгоҳи метрои “Кузминки”-ро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Додгоҳ онҳоро бар асоси қисми 6.1 моддаи 20.2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия дар иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ гунаҳкор донист. Ин 42 нафари ҳабсшуда бар иловаи 6 нафари аввалест, ки рӯзи 13 июл бо айни иттиҳом ба айни ҷазо: 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд. Интизор меравад, парвандаҳои боқӣ 55 нафари дастгиршуда низ ба додгоҳ супурда шавад.

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав дар пайи занозанӣ дар Кузминки 103 нафар дастгир шуда, нисбат ба онҳо бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия ва вайрон кардани тартиби гирдиҳамоӣ ва майдаавбошӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд.  «Як қисми ин шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори додгоҳҳо дар баробари ҷарима аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Бархеи дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд», – изҳор дошт пулиси пойтахти Русия.

Вале Карина Каленова, сухангӯи додгоҳи Кузминки гуфт, масъалаи ихроҷи ин муҳоҷирон дар ҷаласаҳои додгоҳӣ баррасӣ нашудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар шаҳри Масав дар пайи занозании шаби 12 июл байни муҳоҷирони қирғизу тоҷик  дар метрои Кузминки мавҷи боздоштҳои зодагони Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шурӯъ шудааст. Ба ҳисоби Каримҷон Ёров, то шоми 13 июл танҳо аз зодагони Қирғизистон  ҳудуди 600 нафар дастгир шуданд.

Ёдовар мешавем, шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” байни муҳоҷирон занозании гуруҳӣ ба амал омад. Дар занозанӣ ҳудуди 200 нафар ва асосан зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Хабарнигорон як паҳлуи ҷолиби ин қазияро ошкор карданд. Бино ба иттилои нашрияи “МК”,  як марди ношиносро саҳван ба як чат дар шабакаи Ватсапп, ки дар он шаҳрвандони Қирғизистон ҳамватанони худро барои ҷанг бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон даъват мекарданд, шомил кардаанд. Масъулони чат баъди чанде иштибоҳи худро фаҳмида, рақами телефони он мардро аз чат пок кардаанд, вале ӯ ба пулис занг зада, дар бораи омодагӣ ба занозанӣ хабар додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button