ВидеоУмумӣ

СЕЛҲОИ ХАРОБИОВАР ДАР РӮШОНУ МУҶИХАРФ ВА ҲАЛОКАТИ ЯК ҶАВОН ДАР РОМИТ

КҲФ Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави як қатор ноҳияҳо омадани сел, раъду барқ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин офатҳо хонаҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои ёрирасону заминҳои наздиҳавлигӣ зарар диданд ва дар баъзе минтақаҳо сели пуршиддат роҳҳоро ҳам шуст.

Чунончӣ, 13 – уми июл тахминан соати  13:05 дақиқаи вақти  маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел омад. Он дар як муддати басо кутоҳ роҳи мошингардро ба самти маркази ноҳия баст. Дар натиҷаи сел лою лойоба  ба 7 хонаи истиқоматӣ ва 16 замини наздиҳавлигӣ  зарар расонд. Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Ин сели азим хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт.  Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи  махсус ҷалб шуда, тозакунии роҳҳо ва ҳавлиҳо аз лойоба идома дорад.

Ҳамчунин 13-уми июл наздик ба соати 14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Даҳагиёни ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лой ва лойоба қисман зарар диданд ва ду мошин, яке тамғаи ГАЗ-66 ва дуюмӣ КАМАЗ-ро сел шуста бурд.

Дар деҳаи Охангарони ноҳияи Нуробод сел муваққатан роҳи деҳаро бастааст. Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод 65 метр роҳ миёни деҳаҳои Сайдон ва тугак шуста, 2 пули дорои аҳамияти маҳаллиро хароб кардааст. Роҳи мошингард муваққатан баста шудааст.

Дар ҷойи ҳодисаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ нест.

Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Масчои Кӯҳӣ бар асари боло рафтани оби дарёи Зарафшон омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа роҳи байни шаҳрак муваққатан баста шудааст. Дар айни замон бо ҷалби техника ва одамон роҳ поккорӣ мешавад. Талафоти ҷонӣ нест.

Як сокини 18-солаи деҳаи Новаки ҷамоати деҳоти Ромит рӯзи 13-уми июл дар чарогоҳи кӯҳии Ромит мол мечаронд. Соати 18:05 дақиқа ин ҷавонро барқ зад. Бар асари ҷароҳати вазнин вай дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button