ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МАВҶИ БОЗДОШТҲОИ МУҲОҶИРОН ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар шаҳри Масав дар пайи занозании шаби 12 июл байни муҳоҷирони қирғизу тоҷик  дар метрои Кузминки мавҷи боздоштҳои зодагони Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шурӯъ шудааст. Ба ҳисоби Каримҷон Ёров, то шоми 13 июл танҳо аз зодагони Қирғизистон  ҳудуди 600 нафар дастгир шуданд. Ёров хабар дод, ки аксари муҳоҷиронро бо кумаки Парвиз Назарзода аз консулгарии Тоҷикистон озод кардаанд.

 «Боздоштҳо соати дуи шаб аз вуруди пулис ба манзилҳо дар Кузминки ва Текстилшики сар шуда, соати шаши субҳ ба тамоми пойтахти Русия паҳн шуд. Сипас дар бораи боздоштҳо дар метрову автобус, сипас дар мағозаву дорухонаву ҳатто дар ҷои кор хабарҳо ба даст расиданд. То нимаи рӯз дар ҳар шуъбаи пулис ҳадди ақал то 15 қирғиз буд, дар бархе шуъбаҳо то 100 нафар ҳам буд. Дар бархе ҷойҳо тоҷикҳо ҳам боздошт шуданд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон қариб набуданд. Муҳоҷиронро дар ҳавлӣ, дар зери ҳавои гарм бе обу хӯрок ва ҳатто имкони қазои ҳоҷат нигоҳ медоштанд, санадҳову телефонҳои мобилашонро кашида мегирифтанд, ҳуқуқашонро намефаҳмонданд, бо тарҷумон таъмин намекарданд, сафоратҳоро аз боздошти шаҳрвандонашон хабардор намекарданд», – навиштааст Каримҷон Ёров.

Занозании ахири байни муҳоҷирони қирғизу тоҷик дар Кузминки нигаронии ҷиддии мақомоти Маскавро ба бор овардааст. Дар шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки ин ҳодисаро ҳамчун “ҳодиса фавқулодда” арзёбӣ мекунанд. Барои баррасии ин масъала рӯзи 13 июл ба шаҳрдории Маскав ҳатто намояндагони ФСБ даъват шуда буданд.

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав дар пайи занозанӣ дар Кузминки 103 нафар дастгир шуда, нисбат ба онҳо бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия ва вайрон кардани тартиби гирдиҳамоӣ ва майдаавбошӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

 «Як қисми ин шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори додгоҳҳо дар баробари ҷарима аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Бархеи дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд», – изҳор дошт пулиси пойтахти Русия.

Шоми 13 июл додгоҳи ноҳияи Кузминки 6 тан аз иштирокчиёни занозании ахирро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Хабарнигорон боз як паҳлуи ҷолиби ин қазияро ошкор карданд. Бино ба иттилои нашрияи “МК”,  кормандони пулис аз пеш дар бораи ин занозанӣ хабар доштаанд. Як марди ношинос бо рақами 02 ба пулис занг зада, хабар додааст, ки рақами телефони ӯро саҳван ба як чат дар шабакаи Ватсапп шомил кардаанд. Дар ин чат шаҳрвандони Қирғизистон ҳамватанони худро барои ҷанг бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон даъват мекарданд. Масъулони чат баъди чанде иштибоҳи худро фаҳмида, рақами телефони он марди манбаи пулисро аз чат пок кардаанд ва ӯ маълумоти бештар ба пулис дода натавонистааст. Вале ба ӯ муяссар шудааст, ки пулисро аз хабари асосӣ: кай ва дар куҷо ва бо иштироки кӣ доир шудани занозанӣ хабардор кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button